Сояҳои шикаста

Вале нахустин шаби ин ҷо буданам садои яккафарёди саге маро хоб рафтан нагузошт. Гўё вай ягона махлуқи зиндае дар тамоми ин атроф буд. На гурбае минг мегуфту на саги дигаре аккос мезад. Чаро ларза гирифт. Садои пурхароши саги яккафарёд дар дили шаб, ба ҳангоме ки ҳама бепарво хуфта буданд, тарсонд, бедор нигар дошт. Ман аз зўзаи вай нафири пурҳасрату фарёди як махлуқи танҳоро эҳсос намудам. Чӣ қадар пурдард, чӣ қадар имдодхоҳ буд ин фарёд. Ҳисси тарсу бим аз ман бадар рафт ва ҷои онро дар дилам шафқат, ҳамдардӣ гирифт. Ва ман марди танҳо канори деҳро ба ёд овардам. Дар пиндори ў сари боми баландаш нишаста сўи деҳ менигарад. Ў рақси пурандўҳу зулматзои сафедорҳои пирро тамошо мекунад. Мерақсанд зи ниҳеби деви шаб. Ва мешунавад садои ғамангезу ошнои ин саги танҳоро. Гиря мекунад зи танҳоии деҳ, гиря мекунад зи яккафарёди саги танҳо, гиря мекунад зи рақси пурандўҳу зулматзои сафедорҳои мазоргуни деҳи танҳо. Ва мегиряд деҳ, мегиряд саги яккафарёд, мегиряд, сафедори пир ва мегиряд шаб. Мерезанд ситораҳои субҳро ба рўи сабзазорон, навдаҳои хушк, шағалҳои пурсадо. Ман тар мешавам ва худро зери кўрпаи гарм мекашам…
Маро боз ёд аз гургкўши хуш меояд. Понздаҳ сол пеш аз ин буд. Вақте ки ба мотами бибиям омада будам, ў маро нашинохт. Ман хостам ўро навозиш кунам, вале вай ба мисли саги девонаву бесоҳиб сўям ғўррид, таҳдид кард. Ёдам аст. Мо ҳар рўз ба сари ҷариҳои канори деҳ рафта киштзорони он тарафи дарёро тамошо ва суруди мардуми саҳроро гўш мекардем. Рўйдодҳоям, дастҳоямро мелесид.
Ва ман аз ламси часпаки забони сарди ў бедор мешудам ва мо боз бо ҳам бозӣ мекардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё