Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ман агар ўро фарёд мезадам, пешам пайдо мешуд. Агар дар боғҳои дур ҳам мебуд бо шунидани овозам наздам ҳозир мешуд. Ман ҳам овози ўро даруни ғалоғулаи садҳо сагҳо мешинохтам. Вале ў маро нашинохт. Ё ранҷида буд? Охир ў аз паси мошини бори мо то канори деҳ фарёдкунон, лобакунон, гирякунон давид, то ҳамроҳи худ гиремаш. Ў падарамро ҳам нашинохта буд… Вале зўзаи саги танҳо зери сафедорҳои мазоргуни деҳ ба овози вай монанд аст. Ва ҳам ҳангоми шабонгоҳон дар канораҳои деҳ зўза мекашид.
Гургҳоро метарсонд. Шояд пир шуду мурд. Шояд девона шуду паронданд. Ва шояд ин саги яккафарёд рўҳи саги ман аст, ки зери сафедорҳои болои хонаамон зўза мекашад. Шояд рўҳи деҳ аст, ки метарсад зи танҳоӣ? Шояд…
Саге танҳо ҳама шаб маро таъқиб мекунад. Ман бо диле пурбим, бо хаёле ваҳшатзо ба партгоҳҳо меафтам. Парвоз мекунам бо умқи ҷариҳо… Бедор мешавам. Ҳанўз шаб ба поён нарасидааст. Ва овози дигаре маро сахт метарсонад.
– Ўро гўед набиёяд!.. Ўро гўед набиёяд!..
Гўё ин овози хафифи занона аз бари ман гузашта дар канораҳои деҳ қатъ мешавад. Ин овозро ман ба кўдакиям шунида будам. Соҳиби овоз шабаҳгун пиразане буд. Ман ўро то канораҳои деҳ дунболагирӣ кардаам… Ба садои ин овози имдодталабона маро зи дида хоб парид.
– Бибӣ, ў кӣ буд?
– Кӣ?
– Ун кампири сафедпўше, ки ҳолӣ фарёдкунон аз паси хунаи мо гузашта рафт?
– Ту вайро дидӣ?

пешина
аз 341
навбатӣ