Сояҳои шикаста

– Ҳо, аз пасаш то Сари Ҷар рафтам. Вай ба оби Шаршара шустушўй карду рафт. Вай аз болои ҷариҳо парвозкунун ба ун тарафи дарё гузашта ва зери мазори пупгул гум шуд. Ў кӣ буд, бибӣ?… Гўед, вай кӣ буд, бибӣ?..
– У бало ба ҷунат, бачам! У, бадбахти бибӣ. Вай Бибисоро буд.
– Бибисоро кияй?
Ё ў худаш ҳам намедонист, ки Бибисоро кист. Барои ҳамин ҳам ба ман чизе нагуфт. Аз бобоям пурсидам, ў хеле хашмгин шуд ва маро сарзаниш кард, ки ин қадар барвақт зи хоб нахезам. Касе дар бораи ў чизу нагуфт. Ва ман оҳиста-оҳиста ўро фаромўш кардам. Охир дар диёри нав ў дигар фаро намехонд.
Аз миёни деҳ намегузашт ва ҳеҷ гулхор ҳам набуд, ки зери он ғайб занад. Шаршарае набуд, ки худро шустушў кунад.
Ва дар диёри нав, ҳамин ки мардум азоб мекашиданд ва дар зиндагияшон ягон нобарорие рух медод, Бибисороро дашном медоданд.
– Оче, чаро Бибисороро ҳақорат мекунанд?
– Охир вай мардумро саргардон кард.
– Оче, Бибисоро кӣ буд?
– Мегўянд, ки модари донотарину зеботарин ҷавони деҳа. Ин ҷавонро аз кина куштаанд.
– Пас чаро ў фарёд мезанад, ки «Ўро гўед набиёд!..»?
– Охир вай дар Бухоро мехондаст ва гўё овоза мекунанд, ки дини бегона қабул кардааст, кофар шудаст. Баъде ки ба деҳа омад, ўро сар заданд. Бибисоро ин мақсади одамонро фаҳмида буд ва намехос ягона фарзандаш ба деҳа ояду ўро кушанд. Касе ба ў хабар надод, ки ба деҳ барнагарданд. Ў омад. Ўро куштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё