Сояҳои шикаста

Бале, солҳо мегузаранд бе паю нишона. Дар умри инсон танҳо лаҳзаҳое мешаванд, ки тамоми умр аз онҳо кас рўҳ мегираду фараҳманд мешавад. Барои ман айёми беғашии кўдакӣ як умр сайқалгари олами орзуст. Ман як дам бо дили пурэҳсоси саршор аз фараҳу шодӣ метавонам ба тамоми олам барои он дақиқаҳо ҷор зада гўям: «Зиндагӣ хеле ширин аст, онро дўст доред!»
Барои ҳар кас ин нишоти шодиву рўҳбахш ҳар хел ҷилва мекунад. Вале барои ман он лаҳзаҳои айёми кўдакӣ ва наврасӣ ҳамчун нишони олами бохташуда боқӣ мемонад. Он солҳо бебозгашт рафтаанду орзу гаштаанд. То ба имрўз ман барои он айёми орзугашта зиндагӣ мекардам.
Ба ёд дорӣ? Дар хаёлам, ту ҳеҷ гоҳ фикр ҳам накарда бошӣ, ки гузашта моро чӣ хел ноаён падруд гуфта буд.
Манижа, мефаҳмӣ, ҳоло дар дилам хоҳише пайдо шудааст, ки мехоҳам чун пештара дар лаби рўди деҳ нишаста, субҳро истиқбол кунам. Давида худро ба мавҷи сарди он партояму туи дар соҳил бударо бо қатраҳои об тар гардонам. Ту бошӣ қаҳр карда, маро дашномдеҳон равӣ ва ман боз давида бо илтиҷову зорӣ аз роҳ баргардонамат.
Мехоҳам, ки охири зимистони деҳ бошад ва ману ту интизори баҳор бошем. Ба ҳангоми фаро расидани баҳорон аз паи пода ба саҳро равем. Чу ҳарвақта бароят аз гулҳои рангоранг чамбаргул созаму ба сарат гузорам ва овози малеҳу ширинатро шунавам:
«Чӣ хел зебо!»
Вале … ку он рўзҳо, ки дар зери борони баҳорӣ ба дашт хандакунон медавидиву қатраҳои он дар чуқураки рўят кўл мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё