Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Чи хел орзуҳои хуш, ҳамту не?
Ҳамааш гузашта рафт. Аз он айём танҳо ёд мондаасту халос.
Бале, он рўзҳои падрудӣ дигар барнамегарданд…
Манижа! Манижаи ба ҷону дил пайвандам. Ту мехоҳӣ, ки ҳама чизро бароят рост гўям.
Ман амин будам, ки ту рўзе ба тамоми алфози дурўғинам пай мебарӣ, вале ноилоҷ боз туро фиреб медодам. Имрўз, ки воқифи фиребам шудаӣ, акнун ба ҳақиқати талх гўш андоз.
Вакте бори аввал дар умрам ба шаҳр омадам, худат медонӣ, ба ҷуз як модари пир дигар касе надоштам, ки маро пушту паноҳ ва роҳбалад шавад. Касе нагуфт, ки куҷоӣ ҳастиву аз куҷо меоӣ. Ба худат ҳам маълум аст, ки тағоиҳоям ва дигар хешу таборамон ба ман ва модари пирам ин қадар шафқате надоштанд. Ана имрўз, ки аз дастам коре меояд, ҳама маро меҷўяд, пурсупосҳои хеле дурудуроз мекунад.
Охир, имрўз мани ночизу назарногир одам шудам.
Онҳо ҳеҷ бор ба гўшаи хаёл намегузарониданд, ки фарзанди хоҳари нафақахўри бекасам дар чӣ ҳол бошад. Хайр, майли ман, охир онҳо хоҳари бечораи худро ягон бор надидаанд, ки пурсанд: «Хоҳар, аҳволат чӣ тавр аст» ақалан маъзарате накардаанд, ки «ба ту чӣ намерасад». Бо вуҷуди он ки онҳо рафтори модарамро хеле хуб медонанд, ба худи ту маълум аст, ки модарам чӣ хислати наҷибе доранд, он кас ҳеҷ гоҳ ба пеши кас гардан каҷ намекунанд ва накунад, ки ягон кас чизе аз рўи дилсўзӣ бахшиданӣ шавад, дарҳол не, не, даркор не, худамон дорем, гўён ўро аз нияташ мегардонанд…
Модарам касал шуда буданд, ту худ бигў, ягон кас аз ақрабои ман ба диданашон рафт?

пешина
аз 341
навбатӣ