Сояҳои шикаста

Не! Ягон касашон ба ман аз ин воқеаи бароям мудҳиш хабар дод, ба ҷуз ту? Не!...
Кас намедонист, ки ҳоли мани «бечора» дар шаҳри бегона чӣ хел мегузарад. Ҳатто модарам нафақаи ночизи худро бароям фиристоданӣ мешуданд.
Ту худ бигў, ба кадом виҷдон, ба чашми олам хок пошида, модари аз ҳама муқаддасиён авлотарамро тороҷ мекардам?...
Касе (ҳатто ту ҳам) намедонисти, ки ман ба чӣ аҳвол мехондам. Ҳеҷ кас намедонист, ки шабҳо кор мекардаму рўзҳо бо чашмони варамини барои хоб ҳарис ба паси миз менишастам, то ки орзуи буду набудам – Модарамро ҷомаи амал пўшонам.
Ягон чиз барои мақсади ҳақиқии одам садд шуда наметавонистааст. Ҳамааш гузашта меравад, баръакс барои мақсадҳои наҷибтарин сабаб мегардад.
Маргро истикбол кардан қаҳрамонӣ аст. Дар ин роҳ қаҳрамонӣ, пас аз марг шукўҳи ҷовидонист. Бе тўфонҳо уқёнусро тасаввур кардан муҳол аст, вагарна он ба кўли хурди ороме шабеҳ мешуд. Зиндагии инсон ҳам ба мисли уқёнусҳо маҷро мегирад ва ҳар як мадди он ҳамчун лаҳзаи рўҳбахшу фараҳбахш ба сафҳаи ҳаёташ сабт мешавад.
Манижа, Манижаҷон, дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ ноумед шудан лозим нест, вагарна одам ҳамчун як махлуқи беидрок, ки ҳама чиз барояш беаҳамият аст, мурда меравад. Зиндадилӣ фазилати наҷиби одамӣ дар зиндагист.
Маро мебахшӣ, ки дар худи ман ҳамин фазилатҳо несту боз ба ту насиҳат мекунам. Охир, рафтори мо барои худи мо сабақ мешавад ва бо фахр ба дигарон аз рўи шавқ ҳикоят мекунем, то ки ба онҳо сабрандўз будани худамонро чу актёр аз саҳна нишон бидиҳем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё