Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Саҳарии барвақт куштанд. Модараш ин ҳолро дида худро ба дарё партофт ва аз ҳамон рўз рўҳаш ҳар саҳари барвақт дар деҳ пайдо мешавад.
Ва аз одамони деҳ барои ягона фарзандаш қасос мегирад. Ва ҳар касе, ки ўро бинад, деҳ ба бадбахтие гирифтор мешавад. Ўро касе диду моро муҳоҷир карданд. Ва худаш дар деҳ танҳо монд…
Ман тарсидам, ки гўям о ман вайро дида будам.
Тарсидам, ки модарам маро дуои бад мекунад. Тарсидам, ки… гумонҳои кўдакона маро он вақт тарсонда буд. Ман дигар дар бораи Бибисоро чизе нагуфтам, напурсидам, хомўш шудам…


… Шири субҳ мерехт ба домани кўҳсор. Ман аз хона берун шудам ва сўи Шаршара рафтам. Ҳаво соф буду сабук ва гўё ман аз он ҳам сабуктар қадам бармедоштам. Гўё пои ман болои шағалу қарғи рўи роҳ намерасид, мерафтам бесадо. Мерафтам дунболагири овози хафиф. Ҳанўз деҳ дар тасарруфи кобусҳои шабонаи худ буд. Насими форами дарё сару рўямро навозиш мекард. Ман ба канораи деҳ, ба назди шаршараи баланду сардоб расидам. Вале аз соҳиби овоз дараке набуд. Ба он сўи дарё, ба қабристони кофирон нигаристам.
Гулхорҳои сап-сафед бишкуфтаи болои қабрҳои бенишон аз насими субҳгоҳии руди шўху пурсафо мерақсиданд, меларзиданд. Вале он ҷо ҳам аз соҳиби фарёди имдодталаб ному нишоне набуд. Ў кайҳо ғайб зада буд. Ман сари Барозо баромадам. Дар ҳақиқат он чо як хонаи зебое зери анбўҳи дарахтони азими тут ва дар ҳисори деворҳои баланд ба назарам намуд. Оби Шаршара аз зери таркиши он мебаромад. Ман ин хонаро ҳеҷ дар ёд надоштам ва замоно, ки мо дар ин деҳ зиндигӣ мекардем, чунин мавзее дар ин ҷо набуд.

пешина
аз 341
навбатӣ