Сояҳои шикаста

Чаро? Магар ў марги модарашро аён намедид? Магар ў ба марги ногаҳонии модараш боварӣ надошт?
Модар ба меҳри сўзон ба атроф менигарист, ў дар вопасин нафаси худ аз олам лаззат мебурд. Қатраи ашки ҷавон ба рўи модар афтид. Модар агарчанде ба ў нанигариста бошад ҳам, нек фаҳмид, ки фарзандаш аз ҳоли ў ба фиғон омадааст, вале хомўш.
– Чаро гиря мекунӣ? Ҷигарбандам, азизам, нури чашмонам, магар касе туро ранҷонд? – худро ба нодонӣ зада гуфт модар, то ки дили пурозори ўро азоб надиҳад.
Ҳарфе, ки ҷавон гуфт, як то буд.
– Не…
– Қуввати равонам, гиря макун, ман намемирам.
Ман он гоҳ бимирам, ки офтоб барнатобад, нури гарми худ ба олам напошад.
Ҷавон чашм аз модар намеканд. Дили ў зи ғусса метаровид ва гоҳ меорамид. Гоҳ сухани модараш, ки дар болои бистари ҷонсупорӣ мехобид, чун борони кўҳсор, ки ба ҷое ҷамъ шуда, сел мешудаву ҳама хасу хошокро рўфта мепартояд, оламашро фаромўш мекард. Ҷавон аз дил мегузаронд: «Худоё, ин чӣ ҳол, ки модарам зинда аст, шояд ў касал бошад, ки хобидааст? Не, набояд дар бораи марги ў хаёл кунам, не, ў намемирад, ўро намегузорам, ки бимирад».
Ҷавон дар зери хаёлоти печдарпеч ғарқ шуда буд.
– Фарзандам, чаро маҳзунӣ? Ту гумон дорӣ ки ман мемирам? Барои ҳамин ғусса мехўрӣ? Не, ман намемирам. Ман он гоҳ мемирам, ки дигар моҳ бар осмон намудор нашавад, ситорагон надурахшанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё