Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Шабнам ба рўи гул нарезад, гул бар гулистон нарўяд. Булбул ба гулшан наояд. Оташ ба гулҳо забона назанад. Не, ман намемирам!!!
Гиря макун. Дар хотир дор, ки ман онгоҳ мемирам, ки дигар бод барнавазад ва аз баҳр мавҷ намонад. Ошиқон таъна бар маъшуқ зананд. Аз замин гиёҳе нарўяд.
Модар дастонашро бардошта, гардани фарзандашро ҳалқа кард ва ба сўи худ кашид ва ўро сахт ба тани худ пахш кард.
Модар сару рўи фарзандро мебўсид. Лабони ў меларзиданд ва ашк ногоҳ дар чашмонаш ҳалқа заду бар рўи фарзандаш чакид. Магар ин аз шодӣ буд ё маҳзунӣ? Модар набзи дили фарзандро ҳис мекард.
Ҷавонписар нафаси гарми модарашро, ки ба сару рўи ў мезад, ҳеч фаромўш кардан наметавонист.
– Ман намемирам, не, ҳаргиз намемирам, то он даме ки офтоб равшаноиву гармӣ дорад. Ин сухани охирин ва абадии модар буд. Ҷавон гармии нафаси модарро дигар ҳис накард.
– Модарҷон, модарҷон, – гўён ҷавон ҷисми берўҳи дар болои бистар ҷондодаи модарро такон медод.
Ҳа, ў мурда буд. Ҷавон фарёд мебаровард, вале дигар он ду чашм ба ў наменигаристанд. Ва дигар аз ў сухан намешунид.
Ў ҳоло ҳам боварӣ надорад, ки марг модарашро даррабуд.
– Не, не, ҳаргиз ту намемирӣ, модар, ту ҷовидон бар дили ман хоҳӣ монд.


пешина
аз 341
навбатӣ