Сояҳои шикаста

Ман гўё дар ҳақиқат даруни олами пурасрори афсонаҳо мезистам. Боварам намеомад, гумон мекардам, ки хоби тўлоние мебинам. Чашмонашро молидам, дастамро ба оби сарди ҷўй задам. Не, ман хоб набудам ва ҳеҷ гуна афсона ҳам маро ба коми асрорангези хеш накашида буд. Ман аз таҳайюр гирдогирди ҳисори похсагини ҳавлии зебое гаштам.
Ягон ҷои даромад надошт. Ман ҷои обдароро кофтам, вале ҳама кўшишҳоям беҳуда буд. Гўё оби ҷўи Шаршара аз миёнаҷои ин ҳавлии зебо мехост. Ором шудам ва ба сўи ин боғи дилрабо гўш фаро додам.
Вале бенатиҷа. Аз он ҷо овозе, хишир-хишири ҳаракате, садои парандае набаромад.
Боз ба сари Шаршара баргаштам. Деҳ ҳамоно орому сокит буд. Сукути пурбиме даруни чордеворҳои афсурдаву фурурафтаи як вақтҳои хонаҳои ободу зебои сангин ханда мезад. Чӣ хандаи ваҳшатзое! Сафедорҳои пирро ба ларза меоварад, мерақсонд. Дарахтон хушку беҷону беҳис буданд. Онҳоро на ваҳшати сукути чордеворҳо, на зўзаи саги танҳо ва на лип-лип рақсидани парчамҳои сафеду сиёҳи шохсорони сафедорҳои пир метарсонд. Онҳо ба ҳама олам беэътино буданд.
Ман боз назарамро аз ин манзараи ваҳмангез кандаму ба торҳои аз шуои офтоби навбаромад тиллогуни обшор дўхтам. Назар ғарқ шуд ба умқи Шаршара. Ва аз он ҷо баркашид нозанин духтареро ба мисли шири субҳ. Нур медурахшид дар шикани мўи пуртобаш. Нур мерақсид ба рўи ҳаририн пероҳани маввоҷаш. Худоё, магар ў Рўҳи Обшорон буд?! Ва ё ў қатрае аз гиряи шаб буд?! Эй қофиладори абад, ўро нигаҳ дор, ки меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё