Сояҳои шикаста

Пас ман ҳанўз санги сарди мазоре нашудаам. Ман метавонам пои худро зи гули ин баландиҳои пурбим барканам.
– Рустам!.. – Ман бо ҳама овоз сўи деҳ задам фарёд. Давидам сўи хона, ҳанўз Рустам аз ғафлати шабона ба худ наёмада буд. – Рустам, ман ўро дидам!
Ў бедор шуд. Ба ҳайрат сўи ман нигаристу гуфт:
– Киро?
– Ўро, – ғаюр духтари деҳро. Ёдат ҳаст, бибиямон як рўзи наврўзӣ гуфта буд. Эй инҳо чӣ духтаранд. Ба даврони мо духтарон асптозӣ мекарданд, бо нисбатони худ пархош мекарданд.
Гўр ин хотир шавад. Охир ту он замонҳо ҳанўз ба дунё наомада будӣ. Бибӣ танҳо ба ман гуфта буд.
… Рўзи Наврўз буд. Мардон ба саҳро хайма зада шодиву хурсандӣ мекарданд. Духтарон ҷамъ омада ба шохаҳои азими ин сафедорон ресмон кашида бод мерафтанд. Бибиямон болои бом нишаста ин манзараро дида ба ҳасрат нақл карда буд.
«Дар замони кўдакии мо духтарон далеру густох буданд. Агар ягон ҷавонмард духтарро хостгор мешуд, тўяшро бар ҳамин рўз мегузаронданд. Онҳо аввало асптозӣ мекарданд, ки кӣ пештар ба марра мерасад. Дуввум болои аспҳо кашу даркаш мекарданд, ки кӣ киро меафтонад. Ҳар кас ки дар ин ҷидол ғолиб меомад, ҳукми ў дар хона қонун мешуд.
Боре зеботарин духтари деҳро аз деҳи дигар хостгор омад. Падару модараш розӣ шуданд. Вале ў як ҷавони ҳамдеҳи худро дўст медошт. Вале ноилоҷ буд, аз падару модараш метарсид. Ва Наврўз ҳам расид.
Дар даштҳои он тарафи дарё хайма заданд. Мусобиқа сар шуд. Духтар болои аспи сафед ба мисли парии асп пуршукўҳ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё