Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Вале ҷавон дар ин шарт ғолиб омад. Духтар лаҷоми аспашро нагардонда рос ба сўи дарё рафт. Қафо нагашт. Аз ҷариҳои баланди соҳил худро ба ҷўши оби дарё партофт. Ҳама гуфтанд, ки аз ишқи ҷавонписари ҳамдиёри худ чунин кард. Касе намедонист, ки он ҷавонписар кист. Вале баъд ўро фаҳмиданд ва падари духтар ўро кушт. Вай ягона писари модари бечорааш буд… Онҳо, рўҳи онҳо ҳар субҳгоҳӣ зери шаршара шустушўй мекунанд. Бо шири субҳ шустушўй мекунанд… Ҳеҷ кас субҳ барвақт ба Сари Ҷар намеравад, об зи шаршара намегирад. Онҳо ба вай зиён мерасонанд…»
– Ман ўро дидам, мефаҳмӣ, дидам ўро…
Аз ин иктишоф субҳи пурнуре дар вуҷудам ханда зад. Ҳама биму таҳлука, тарсу ваҳм даруни андешаам мурд. Рўҳи як мурда найнавозе ҳама рўз бар ман ҷой шуда буд. Оҳ чӣ сон мехостам ин лаҳзаҳо сард санги сиёҳе бар мазори обшорон! Ва ин афсонаро бо сукути сангини аллаҳо гўям! Ва чун рўҳи девонаи таркшуда деҳ зўза кашам! Ашки шаб шаваму ба домани сабзазорон резам. Шири субҳ гардаму фурўрафта чордеворҳои фартутро шустушўй диҳам!
Ман имшаб меҳмони ҳисори хонаи пуршукўҳи марди танҳои канори деҳ хоҳам шуд. Зи таркик раҳ ба хонаи ў хоҳам бурд. Ба оби Чашмаи Ишқ шустушў дода худро.
Эй рўз, чаро инқадар тўл мекашӣ, дер меравӣ!
Магар ба сўи муштоқони хеш коҳилона мераванд?
Эй рўз, зуд раву дер биё!...
Аҷабо, рўз даруни андешаам эҳсоси ваҳмро тавлид мекунад. Сукути пурсафои он маро метарсонад.
Ман иштиёқманди зўзаи саги танҳои шаб шудаам.
Ман ашки шабро ба ситораи пурҳарорати рўз иваз кардан мехоҳам.

пешина
аз 341
навбатӣ