Сояҳои шикаста

Онҳо дигар он мафҳумҳое нестанд, ки ишон медонистанд. Зиндагии инсон ба халое афтодааст, ба зулмате ваҳимтару умедкуштар аз зулмати Монӣ муаллақ мондааст, карахт, беҳаракат... Хурдтарин ҳаракат эҳсоси хатари афтодану нобуд шуданро ба вуҷуд меоварад. Ҳама чизҳо мафҳуми отифию ахлоқии хешро барои инсон аз даст додаанд. Халои мутлақ!
Ва регрезаҳои заррагун дар имтидоди каҳкашонҳо...
Телефун бори дигар занг мезанад. Риштаи хаёли ў канда мешавад.
– Алло, – акси садои хешро дар дуртарин нуқтаи симҳои ба ҳам печидаву бофта мешунавад ва аз он дурҳо аз хилоли овози пашшаҳо зоридани мусиқии шикваомез ба гўшаш мерасад.-Алло!.. алло...
Ва ҳамин лаҳзаҳо буд, ки аз телевизиони бетасвир (дурбинҳои студиё ба ҷуз тўдаи пашшаҳои ба микрофунҳо часпида, чизи дигаре нишон намедоданд), аз гўшаки телефуни бемусоҳиб ва аз родию овози барандаи номаръӣ садо дод:
«Ҷаноб, шумо беҳуда дару тирезаҳоро баста, худро асири хонаи хеш кардаед!».. Аҳмад Ниё гумон бурд, ки барандаи номаръии паси садобарҳо фақат ба ў нигоҳ мекунад, гўё дар саросари ин кишвари кўҳистонӣ фақат ў боқӣ мондааст – Пас чанд рўзи дигар шумо худ дару панҷара шикаста, ба сўйи мо парвоз хоҳед кард. Ин замон беҳуда якравӣ мекунед, беҳуда... Ва ё гумон мекунед... Аз садои таркиши азиме, ки шаҳрро ба ларза афканда буд сухани барандаи номаръӣ даруни истудиюи холӣ қатъ мегардад. Андоваҳои сақфи хона фурў мерезанд, қандил пурсадо ба замин меафтад ва булўри саққогунаш пош мехўрад. Ва рўи пардаи телевизиун саҳнаи даҳшатзое ба пайдо меояд: Баранда паси миз афтодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё