Сояҳои шикаста

Пашшаҳои зардчатоб, балки тиллогун аз роҳи димоғу даҳонаш ба дарунаш роҳ ёфтаанд ва ба назар чунин менамуд, ки ҳанўз нафас кашиданаш дар сурати пашшаҳо идома дорад. Ва гўё ҳанўз чашмони зебояш бо виличидани кирмҳо қудрати диданро дар худ нигоҳ доштаанд. Мўйи муҷаади хурмогунаш чун кулаҳгес аз сар ҷудо шуда...
Аҳмад Ниё бо кароҳату эътирози нафратбор назар аз ин манзара гурезонд. Гўё бўйи бади ганде аз он наъш ба димоғаш мезад. Гўё ин бўй аз даруни телевизиун мисли тумане, дуде берун метаровид. Ў натавонист ҳоли ғарибу таасуфангези барандаро аз пеши назараш дур кунад, аз хаёлаш берун партояд.
Мисли кирмчахои сафедчатобе, ки аз тангии ҷой ва ё аз бисёриашон гоҳ аз гоҳ аз косахонаи тиҳии чашмон берун меафтиданд ва пеши назари Аҳмад Ниё манзараи рехтани ашкро ба вуҷуд меоварданд.
Гўё баранда мегирйист. Ва ин ҳол дар воқеъ муҷиби гиристан ҳам буд! Ба ҳоли хеш мебояд гирйист.
Инсон таҷзия мешавад, андоми комиле, ки аз ёхтаҳо фароҳам омада буд, боз ба ёхтаҳои беҷону ноаён ва бадбўй табдил хоҳад шуд. Сабилаш ба рўи устухонҳои сафедгардидааш, қабати дандонҳои кирмзадааш хоҳад афтод. Ин мўйи муҷаадаш кулоҳгеси рангпаридаву беҷило хоҳад шуд ва бо вазидани хурдтарин боде парешон хоҳад гардид, ба бод хоҳад рафт.
Ва бод даруни ҷамҷамаи холияш садо хоҳад дод.
Ва мурдорхорҳо бар ҷасади тиҳӣ аз гўшту пайвандаш ноумедона парвоз хоҳанд кард.
Ва теппаҳои реги равон ўро фуру хоҳанд бурд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё