Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Шаҳ мурда буд. Ва бод бўйи гандидаи шаҳрро ба димоғаш мезад. Дилаш ғаш мекард, аз беилоҷиву нотавонӣ ба фарёд меомад, вале фарёдаш ба ҷое намерасид, дар коми пурсадои бод фурў мерафт, маҳв мегашт. Офтоб бо ранги парида, коҳилонаву беҳол, хаста, гўё барои абад ғуруб мекард. Лошахўрҳо бо ҳирс болои шаҳр парвоз мекарданд. Кулоғон бо садои ваҳшатзо даври сари пирамард мегаштанд. Вале пирамард аз онҳо ҳарос надошт, аз худ сер шуда буд, безор шуда буд. Фақат намеорас ба шаҳр ворид шавад. Бўйи ганди шаҳр ўро ба ваҳшат оварда буд, бадгумон карда буд. Зеро…
Ў аз роҳи дур мерасид. Аз роҳи биёбон, аз роҳи харобазорҳо. Аз миёни деҳистонҳо, қасабаҳо, шаҳристонҳойи як замоне ободу зебо, сабзу хуррам мегузашт. Ҳама ҷо дар ин масир ба ҷуз сагҳои девона хонаҳои вайрона, чорпои бесоҳиб, киштзорҳои хароб чизи дигаре ба чашмаш намехўрд. Алҳол намеёрост ба шаҳр ворид шавад, метарсид, ки онро ба он ҳол бубинанд.
Ў дар сари шоҳроҳ, балки дар интиҳои шоҳроҳе, ки ба шаҳр ворид мешуд, истод. Роҳе, ки дар оғоз панояш аз қутб то ба қутб буд ва дар интиҳо бар ў инҳисор мешуд.
Ин роҳи Қобил буд,ҷаноби Духтур. Иқтои он манам. Ман онро паймудаам. Он наъши гандидаи пирамард манам, ки дар азои ҷавониям харидаам.
«Тариқи Қобил «Сулуки Ман буд, Оғозу анҷоми ман буд. Мефаҳмед, Духтур, Ман!Яъне чӣ? Масир анҷом надорад! То ҷаҳон боқист… Баъди бақо ҳам ҷорист… Мефаҳмед, Духтур! Дуввумин офариниш!
Миму алифу нун .Ба мисли қофу нун, яъне Бош, ҳаст шав!

пешина
аз 341
навбатӣ