Сояҳои шикаста

Мон мухаффафи Ман шуда. То ҷаҳон ҳаст, ин Қонун аст, мемонад.
Аз шаҳр бўйи ганд меояд. Магар ин бўйи инсонҳои гандида бо димоғи Шумо намезанад Духтур?
Муйсафед зинда ба зинда пўсидааст. Ў дигар на ёрои ба шаҳр даромадан дораду на тавони бар пойи хеш истодан. Завлонаҳо гўшти дасту пояшро хўрдаанд.
Хуни фосидшудааш ҷомаашро рангин кардааст. Ў, бо сад азоб худро ба зери дарахти сафедори пиру хушкида мекашад. Дарахти сафедори азим мурдаву ҳанўз зиндагӣ даруни боқист. Аз танаи дарахти мурда садойи змндагӣ ба гўшаш мерасад. Ў хушҳолона дар худ фарёд мезанад: «Аюб, ту ҳанўз зиндаӣ! Офарин бар сабри ту!» Мурғи Баҳман, Буфи Кўр, Буми кўр, Ҷуғз болойи сараш, сари шохаи зушки сафедор бол меафшонад. Дар умқи зулмат чашмони зебои Ҷуғз медурахшанд. Эй дареғо, басо ҷамоли ҷамиле, ки ҳалоқ асту ба дасту ваҳшатзо. Ба мисли ду чашми ту, эй мурғи баҳманӣ; ба мисли садойи ту, эй мурғи вайронахоҳ; Эй Ҷуғз! Ман дар масири хеш таъқиби нигоҳи туро ҳама ҷо эҳсос кардам. Оре, ин нигоҳи ту буд, ки ҳама ҷо бо ман буд. Ҳама вақт бо ман буд. Ва ҳама ҷову ҳама вақт бар ман умед мебахшид. Ман аз ҳилоли ин нигоҳ ба сўйи ояндаи хеш менигаристам.
Оре ин Ҷуғз дар пиндори пирамард мурғи Баҳман – башоратдиҳандаи роҳи нек менамуд. Ба мисли он, ки шумо дар пиндори манед. Аз рўзи аввали ба инҷо афтоданам шуморо шинохтам. Ва тасмим гирифтам: он касе ки ту меҷўӣ, Ўст. Дигаронро, боқӣ табибонро бояд ба мисли ман завлона зад. Ман ба онҳо бовар надорамю Дар ин шаҳр ягона касе, ки ба мисли мурғи Баҳман манро умедвор мекунад, ин Шумо ҳастед, Духтур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё