Робиъаи Балхӣ

Надорам дидаи рӯйи ту дидан,
Надорам сабри бе ту орамидан…
Равон шуд доя то наздики он моҳ,
Зи ишқи он ғуломаш кард огоҳ.
Ки аз ту ӯ басе ошиқтар афтод,
Ки гармии ӯ оташ дарафтод.
Агар гардад дилат аз ишқаш огоҳ,
Дилат з-ӯ дарди ишқ омӯзад он гоҳ!
Дили духтар ба ғоят шодмон шуд,
Зи шодӣ ашк ба рӯяш равон шуд.
Намедонист коре он дилафрӯз,
Ба ҷуз байту ғазал гуфтан шабу рӯз.
Равон мегуфт шеъру мефиристод,
Чунин дар шеър гуфтан гашт устод.
Ғулом он гаҳ ба ҳар шеъре, ки хондӣ,
Шудӣ ошиқтару ҳайрон бимондӣ.
Бад-ин чун муддате бигзашт, як рӯз,
Ба даҳлезе бурун шуд он дилафрӯз.
Бидидаш ногаҳӣ Бектошу бишнохт,
Ки умре ишқ бо нақши рухаш бохт.
Гирифташ доману духтар барошуфт,
Барафшонд остин он гаҳ бад-ӯ гуфт:
Ки ҳон, эй беадаб, ин чӣ далерист,
Ту рӯбоҳӣ, туро чӣ ҷойи шерист!
Наёрад гашт кас пиромани ман,
Кӣ бошӣ ту, ки гирӣ домани ман?!
Ғуломаш гуфт: - Эй ман хоки кӯят,
Чу медорӣ зи ман пӯшида рӯят.
Чаро шеърам фиристодӣ шабу рӯз,
Дилам бурдӣ бад-он нақши дилафрӯз.
Чу дар аввал маро девона кардӣ,
Чаро дар охирам бегона кардӣ.
Ҷавобаш дод он симинбар он гоҳ,
Ки як зарра найӣ з-ин сир ту огоҳ.
Маро дар сина коре уфтодаст,
Валекин аз ту он корам кушодаст.
Чунон коре чӣ ҷойи сад ғулом аст,
Ба ту додам туро, ин худ тамом аст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё