Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар вақти пурсиш Саид ҳамаи воқеаро нақл карда дар охир гуфт, ки номи аслии «Медвед»-ро намедонад. Ба ў дар вақти адо кардани ҷазо дар Қазоқистон шинос шудааст.

  • Бо Мария бошад, танҳо ҳамон шабе, ки бо ҳамроҳии Наташа ба ошхона рафта буд, шинос шуда, кӣ ва чикора буданашро намедонад. Аз ин пеш ўро ягон бор надидааст. Баъди он ки «Медвед» ўро зада беҳуш кард, қунғузакро бо худ бурд ё не, гуфта наметавонад. Менглиқулро бошад, нафақат надидааст, ҳатто номашро ҳам нашудааст.
    Дар охир ў аз Раҷаб Нуров пурсид, ки «Медвед» дастгир шудааст ё не. Ҷавоби радро шунида, хоҳиш кард, ки дар хусуси зинда монданаш ба касе чизе нагўед, вагарна «Медвед» ўро ҳатман нобуд мекунад.
    Раҷаб Нуров баъди шунидани ин гапҳои Саид лабханд карда фаҳмонд, ки ҳаёти ў сарфи назар аз он ки вай дар куштани Сорокин иштирок кардаасту бояд дар назди қонун ҷавоб гўяд, ба таҳти назорат гирифта шудааст ва ў метавонад аз таҳдиди «Медвед» натарсад.
    Раҷаб аз назди Саид ба идора омада нақшаи дастгир кардани «Медвед»-ро ба рўи қоғаз сабт кард, такрор ба такрор хонда баъзе навиштаҷоташро хат зада чизҳои дигар навишт. Ниҳоят сар аз болои қоғаз бардошт, ба берун назар андохт. «Агар Салим Менглиқулро гирифта биёрад, ҳама корҳо аъло мешавад, аз дил гузаронд ў ва аз ҷо бархост, то рафта ба прокурор дар бораи корҳои ба субут расида ахборот диҳад…
    Шароф Ҷўраев ўро бо диққат гўш карда барои телеграмма ба Салим раҳмат гуфт.
  • Саид ба ҳуш омада бошад, хеле хуб шудааст. Нақшаи дастгир кардани «Медвед» беҷо не, лекин боз як бори дигар дар сари ин масъала фикр кунед. Ҳис мекунед, ки доираи ҳаракату амалиёти «Медвед» танг шуда истодааст?
  • Гапатон дуруст, Шароф Ҷўраевич. Ба давру давронаш завол омада истодааст.

Салим аз хонаи Менглиқул баромада рост ба шўъбаи милитсия равон шуд. Дар он ҷо ба ў хабар доданд, ки Саодат ном духтарак ба онҳо дар хусуси кӣ будани Менглиқул ва дар кадом шароит мондани Салим нақл кардааст.

пешина
аз 315
навбатӣ