Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Салим ба коркунони милитсия ташаккур баён карда хоҳиш кард, ки каме сабр кунанд, зеро Менглиқул бо дасту пои баста, дар хонааш хобидааст. Ўро ҳар вақт рафта оварда метавонанд.
Ҳоло ба вай зарур аст, ба Раҷаб Нуров занг зада рафти воқеаро нақл кунад ва маслихат пурсад, ки ба Менглиқул коркуни милитсия будани худро ошкор кунад ё не. Дар ноомади кор атола дандон мешиканд гуфтагӣ барин ҳарчанд кўшиш карданд, алоқа барқарор нашуд.
Маҷбур шуд, ки ба хонаи Менглиқул раванд.
Салим ҳамроҳии дастаи оперативӣ ба хонаи Менглиқул баргашта, ўро … наёфта ҳуш аз сараш парид. Вай ба ин тарз ранг гирифтани ҳодиса ҳеҷ бовар надошт. Охир вай дарро қулф карда буд. Ба хаёлаш расид, ки Менглиқул ва «Медвед» ҷинояткори касбӣ буда барои ҳар кор пешакӣ фикру андеша доранд. Барои ҳамин ҳайрон шудан бефоида.
Воқеа дар асл ин тавр шуда буд. Салим пас аз оне, ки дар муҳорибаи тан ба тан ба ҳарифи худ ғолиб омада дасту пои ўро баста дарро қулф карда ба шўъбаи милитсия равон шуд, чанде нагузашта «Медвед» ба хонаи Менглиқул омад. Ў бо калиди худаш дарро кушода Менглиқулро дар банд дида, зуд ўро озод карда ҳар ду ғайб заданд.
Салим акнун чӣ кор карданашро намедонист. Фақат ҳамин фикр ба ёдаш омад, ки ҳаёти Саодат дар хавф аст ва ўро наҷот бояд дод. Бо ҳамроҳии дастаи опперативӣ ба ҷои истиқомати Саодат рафтанд. Саодатро дар ҷояш наёфта сари калобаашро гум кард.
Чораҷўиҳои коркунони шўъбаи милитсия дар хусуси дастгир кардани Менглиқул ва кофтукови Саодат натиҷае набахшид.
Салим маҷбур шуд, ки баргардад. Ў такси киро карда ба тарафи аэропорт равон шуд.
Ба аэропорт расида мехост ҷониби касса равад. Ногоҳ, чашмаш ба марде афтод, ки аз рўи сурати дар хонаи Менглиқул дидааш ба «Медвед» хеле монанд буд.
Мард аз паси чанд кас дар навбат меистод. Салим худашро канор гирифта ўро таҳти назорат гирифт.
Чанде нагузашта аз куҷое Саодат пайдо шуд ва рафта аз паси мард рост истод.

пешина
аз 315
навбатӣ