Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Салим ўро дида қариб буд ба наздаш ҷеғ занад, лекин бо андешае ин корро накард. Хомўширо авлотар донист.
Агар ў худашро нишон диҳад, ҳама кор расво мешавад. Барои ҳамин худдорӣ карда назоратро давом медод. Пас аз чанде мард билет гирифта ғайб зад.
Саодат билет гирифту рафт. Салим пас аз чанде аз ҷои пинҳоншудааш баромада дари ақиби кассаро тақ-тақ карда сипас вориди он шуд.
Ў худашро бо духтараки мавзунқомати чеҳрагарм, ки кассир шуда кор мекард, шинос кард. Дар вақти пурсуҷў маълум гардид, ки марди пеш аз Саодат истода ба шаҳри Душанбе ду билет гирифтааст. Пас аз ним соат парвоз мекунанд. Ў ҳам ба ҳамин самолёт билет гирифта бо ёрии сардори аэропорт дар кабинаи стюардессаҳо ҷой гирифт. Дере нагузашта пассажирҳо як-як вориди самолёт шуданд. Салим аз паси парда ба онҳо назорат мекард. Аз шиносҳо аввалин шуда Саодат пайдо шуда дар ҷое, ки Салим аллакай медонист, омада нишаст. Марде ки пеш аз ў билет гирифта буд, пайдо шуда дар ҷои худаш не, дар курсие, ки пеш аз Саодат ҷой дошт, ҷой гирифт. Саворшавӣ қариб ба охир расида бошад ҳам, аз марди дуюм дараке набуд. Нохост ў ҳам пайдо шуду авзои Салим тамоман тағйир ёфт. Марди дуюм Менглиқул буд. Ў ҳам ба ҷои худаш нанишаста ба ҷое, ки ба ақиби курсии нишастаи Саодат ҷой дошт, ҷой гирифт. Салим аниқ кард, ки раҳокунандаи Менглиқул «Медвед» будааст. Вале аз он хавф дошт, ки онҳо дар вақти парвоз бо Саодат ягон кор накунанд.
Саодат бошад, то вақти парвоз парвои чизе надошт.
Ниҳоят самолёт аз хатти парвоз канда шуду боло хест, Менглиқул ба Саодат муроҷиат кард:

  • Тирмизак ба дастам афтодӣ, агар овозатро барорӣ, ҷо ба ҷо мекушамат. Салимчаат ба ту ёрӣ расонда наметавонад!
    Саодат ин гапро шунида ранг аз рўяш парида бошад ҳам, худашро бой надод.
    Марди дар пеш нишаста гапи Менглиқулро қувват дода бо забони тоҷикӣ «Вай рост мегўяд. Агар аз ҷоят ҷунбӣ, рост ба ҷаҳанам меравӣ. Ба саволҳои мо ҷавоб диҳӣ, он тарафашро мебинем».
    Саодат аз пештара бештар тарсида бошад ҳам, гўё ин гапҳо ба ў дахл надошта бошад, оромона менишаст.
пешина
аз 315
навбатӣ