ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Канӣ гў, Салим кист? – пурсид Менглиқул.
Аз Саодат ҳамоно садое намебаромад. Савол боз такрор шуда нўги тези чизе ба биқини Саодат дакка хўрд.
– Салим ҷўраи шумо, ман аз куҷо донам, ки ў кист, – гуфт Саодат ниҳоят.
– Ин тавр бошад, гўй, телеграммаро ба кӣ фиристодӣ? – пурсид Менглиқул нўги кордро боз каме пештар бурда.
Саодат дар ҷавоб «Ба кӣ мешуд ба ким-кадом як ҳаматабақаш» – гуфт. - Ҳаматабақаш кист?
- Аз куҷо донам? Шумо барин дузд будагист, – ҷавоб дод Саодат.
- Хайр, майлаш, дузд бошад, кори бахайр, агар аз он сагҳои бўйгир бошад, аҳволат бисёр бад мешавад, духтар, – гуфт марди дар пеш нишаста.
Салим рафтори Менглиқул ва «Медвед»-ро нисбати Саодат назорат карда бисёр мехост ба ў ёрӣ расонад, лекин чӣ тавр, намедонист.
Саодат бошад ҳамоно ба саволҳо «ҳа» ё «не» гўён ҷавобҳои мўҷмал медод.
Ҳамин вақт духтараки ҷеҳрагарм дар даст лаълии конфетдор ба салон пайдо шуда як-як ба пассажирон пешкаш мекард.
Пайдо шудани духтаракро Саодат дида каме қувват гирифт.
Мехост бо имову ишорат фаҳмонад, ки уро одамони хавфнок иҳота кардаанд ва илоҷе карда ба ў барои аз онҳо халосӣ ёфтан ёрӣ расонад.
Менглиқул гўё мақсади Саодатро пай бурда бошад: - Азизакам, дониста мон, ба ҷони ҷавонат ҷабр накун,
– гўён нўги кордро ба биқини ў зер кард. Духтарак аз назди онҳо гузашта истода аз Саодат пурсид: - Ба шумо чӣ шуд, ранги рўятон паридагӣ?
- Ҳамту, сарам чарх мезанад, – ҷавоб дод Саодат.
- Ҳозир ман ба шумо халтача меорам, тоқат кунед!
Духтарак ба тарафи кабинае, ки пилотҳо менишастанд, рафт.
… Пас аз чанд дақиқа халтачаи қоғазин дар даст баргашта даҳони халтачаро калон кушода бо тарзе ба ў дод, ки ҳатман мебоист ба даруни он назар кунад.
Саодат халтачаро гирифта беихтиёр ба даҳонаш бурд, ки нигоҳаш ба дохили он афтод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё