Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар он бо қалами сурх чунин навишта шуда буд. «Саодатхон, натарсед! Ман инҷоям!»
Саодат ин калимаҳоро хонда истода ба чашмонаш бовар намекард. Вай гўё аз нав зинда шуд. Ҷисмаш мадор гирифт.
Саодат росту дурўғ ду-се бор ба қоғаз туф карда ба стюардесса баргардонд.
Самолёт дар баландии ҳашт ҳазор метр дар фазо парвоз мекард.

Аз рўзи ғорат шудани шўъбаи ҷавоҳирот чанд рўз гузашта бошад ҳам, Мария худашро ором ҳис намекард. Мўҳлати ба кор сар кардани «Медвед» ба охир мерасид, аммо аз ў дараке набуд.
Ташвиши Мария як бар ду фузуда буд. «Наход ба ў ягон воқеа рўй дода бошад. Чаро худашро нишон намедиҳад ё аз пасаш афтода бошанд. Не-не, ин тавр шуданаш мукин не. Бай одами пухтакор. Боз кӣ медонад?»»фикр мекард ў худ ба худ.
Ў гўё чизеро гум карда бошад, хотирпарешон менамуд. Ҳар вақте ки ба ҳамин ҳолат меафтид, қуттича, қунғузаки сиёҳро, ки дар шифти хона овезон буд, гирифта тамошо карда, баъд ба гарданаш овехта, дар назди оинаи сетабақае, ки аз тарафи чапи дари даромадгоҳ ҷой дошт, худро намоиш дода ҳаловат мебурд. Ҳама чиз аз ёдаш фаромўш мешуд, ба ҷуз суханони «Медвед», ки «Зинҳор ин чизро ба гарданат карда ба кўча намебароӣ».
Ба вуҷуди ин як рўз ў қунғузакро ба гарданаш овехта ба ҷои кораш омад. Ҳамон рўз Раҷаб Нуров аз рўи нақшаи кашидааш ба ҷои кори Мария омада, ўро барои бо Саид рў ба рў кардан ба беморхона гирифта омад. Мария барои қунғузаки сиёҳро ба гарданаш овехтан афсўс хўрда бошад ҳам, воқеаи ғорат кардани ҷои кораш ба ин ягон муносибат надорад, гўён ягон хавотирие ҳам намекашид. Фақат аз рўи эҳтиёт қунғузакро аз даруни куртааш гузаронида монда буд.
Ниҳоят онҳо ба беморхона расиданд. Саид Марияро дидан баробар шинохта тасдиқ кард, ки шаби дар ошхона нишастан бо ҳамроҳии «Медвед» ҳамин зан буд.
Мария ҳам ўро дарҳол шинохта бошад ҳам, «ман ин одамро бори аввал мебинам» гўён, иқрор намешуд. Саид чашм аз таги гардани Мария наканда ба Раҷаб муроҷиат кард.

пешина
аз 315
навбатӣ