Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Рафиқ муфаттиш, ана он занҷир.
    Нуров дар ҳайрат монда:
    – Кадом занҷир? – гуфта пурсид.
  • Кадом занҷир мешуд? Ба назарам қунғузаке, ки барояш Сорокин кушта шуд, – ҷавоб дод ў.
    Раҷаб Нуров ба Мария амр кард, ки занҷирро аз гарданаш кашида диҳад.
  • Дар ин ҷо ягон иштибоҳ шудааст. Ман ба ҳеҷ гуна қунғузак ва кушта шудани Сорокин муносибате надорам, – Мария аз нишон додани қунғузак саркашӣ мекард.
    Саид бе истиҳола ва қатъиян:
  • Рафиқ, муфаттиш, худи худаш, – гўён такрор мекард.
    Раҷаб Нуров бори дуюм ба Мария амр кард, ки занҷирро кушода диҳад, вагарна қувваи зўрӣ ба кори бурда хоҳад шуд. Мария дигар чӣ кор карданашро надониста худашро ба девонагӣ андохт.
    Дасту пояш дарақ-дарақ меларзид, аз даҳонаш об мерехт. Ин ҳолатро дида Раҷаб Нуров зуд табибонро ҷеғ зад.
    Табибон Марияро дидан замоно гуфтанд, ки ў макр мекунад.
    Бо хоҳиши Нуров яке аз табибзанҳо занҷирро аз гардани Мария кушод, ки ду нўги охиринаш холӣ буд.
    Нуров дар шубҳа афтод. Аз рўи қоидаи муайян бадани Мария аз нав кофтуков шуд. Дар натиҷа аз мобайни синаҳои ў қунғузак ёфт шуд.
    Саид оҳи сабук кашид.
    Мария чашмонашро кушод. Дар онҳо қаҳру ғазаб, кину адоват нисбат ба одамон ҳувайдо буд. Ў боз «Ман ба куштани Сорокин ва ин қунғузаки шумо ҳеҷ муносибат надорам» гуфт.
  • Пас намегўед, ин чӣ тавр ба дасти шумо афтод? – пурсид Раҷаб.
  • Чӣ тавр мешуд? … «Медвед» овард.
  • «Медвед» кист? – боз пурсид муфаттиш.
  • Кӣ мешуд, Мардон Давронов, директори хонаи маданият.
  • Оҳҳо, аҷиб-ку, Ҳошимҷон, – Раҷаб Нуров ба Ҳошим рўй овард.
  • Аҷоиб, тамоман аҷоиб. Боварии кас намеояд. Ҳоло вай худаш дар куҷост?
пешина
аз 315
навбатӣ