Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Намедонам, – гуфт Мария.
  • Ғорат кардани шўъбаи шумо ҳам кори ў будагист, – пурсид Ҳошим.
  • Албатта, кори ў, – ба тезӣ иқрор шуд Мария. – Нависед, ман ба ҳамааш иқрор мешавам.

… Самолёт ба замин фаромад. Баъди чанде ба он зинапоя пайваст карда шуд.
Дар кушода шуда аз он як-як пассажирон ба поён мефаромаданд. Дар байни пешвозгирандагон Раҷаб Нуров бо либоси гражданӣ гулдаста дар даст рост меистад.
Нохост марди чорпаҳлўе, ки риши кулўта ва мўи паст тарошида дошт, пайдо шуд. Аз ақиби вай Саодат, аз паси Саодат Менглиқул. Ҳар се ба поён фаромаданд. Нуров марди авваларо дидан замон шинохт. Вай Мардон Давронов, яъне «Медвед» буд.
Ба зинаи охирин қадам монда буд, ки ду нафар коркуни опперативӣ «Мардон Давронов шумоед?» гўён наздаш омаданд ва имконияти ҳаракат кардан надода дастонашро ба пушт тоб доданд.

  • Ором бошед, муқобилият фоида надорад – гўён ба пеш роҳ нишон доданд.
    Менглиқул ин ҳолатро дида бо шаст ақиб гашт. Дар рў ба рўяш Салим меистод. Менглиқул чӣ будани воқеаро акнун пай бурда таппончаро бароварда ба ҷониби Салим якбора се тир холӣ кард. Пеши чашмони Салим сиёҳӣ зад. Ў болои зинапоя афтод.
    Тири чоруми Менглиқул ба ҳаво рафт. Коркунони оперативӣ ўро аз пой зада афтонданд.
    Салимро фавран ба беморхона бурданд. Ҷароҳии таъҷилӣ нишон дод, ки ду тир аз байни қабурғаҳои Салим гузашта, барои саломатиаш хавфнок бошад ҳам, барои ҳаёташ хатарнок нест.
    Ў пас аз се рўз ба ҳуш омад. Аввалин одаме, ки болои сараш дид, Саодат буд. Дар ин се шабонарўзи бехобӣ аввалин бор ба рўи духтар хун давид. Аз чашмони шаҳлояш беихтиёр ашк рехт.
    Як қатра ашк ногумон болои чеҳраи рангпаридаи Салим ғел хўрд.
    Вай чашмонашро калон-калон кушода, ба Саодат нигарист, дуру дароз нигарист.
пешина
аз 315
навбатӣ