ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳамин андешаҳоро дар чаҳорбоғи андешаҳо чарх занонда Адолат қарор дод, ки дар бораи пул ба дугонааш ҳарфе намезанад ва фикру зикри ўро гирди ин масъала машғул намедорад. Девор муш дорад, муш гўш. Инсон қабл аз як суханро ба забон овардан бояд саду як тарафи онро андеша кунад. Аз ин рў, ба саволи Ситора «Чанд рўз дар ҳавлии падар меистӣ?» аниқ ҷавоб надод.
«Вобаста ба вазъият» гуфту хомўш монд.
5.
Он шабе, ки Адолату фарзандонаш канори шаҳри пурмағал дар хонаи Ситора шабро саҳар мекарданд, дар як роҳи шаҳр мошини сабукраве бо суръат ҷонибе равон буд. Дар мошин ду нафар менишастанд. Як нафари онро хонандаи гиромӣ аллакай мешиносад. Вай дар вокзали шаҳр айнаки сиёҳ дар чашм Адолату шавҳарашро хуб «дидбонӣ» карда, ба ду тараф гусел карда буд.
Ду нафарон байни худ як масъалаи муҳимро тарҳрезӣ менамуданд. Онҳо раҳораҳ чанд паҳлўи амалиёти дарпешистодаро муҳокима намуда, ниҳоят ба чунин қарор омаданд: Агар имрўз ё фардо гапу коре нашавад, пас аз ду рўз айнакии қаддароз боз бошитоб ба шаҳр меравад. Ва бегоҳирўзӣ аз гўшае ба хонаи Адолат сим зада овозашро тағйир дода, бо изтироб хабар медиҳад, ки ман ҳоли ҳозир аз қишлоқи шумо омадам, падаратон дар наъзи ҷон, шиштагӣ бошед, хезед, хестагӣ бошед ба роҳ дароед, ки дер мешавад, чаро ки дар даҳани падаратон фақат як калима: Адолат, канӣ Адолат?»
Қарор маъқул шуд. Мошин торафт суръат мегирифт…
Субҳи солеҳон кампири ҳамсоя Ҳамида, баъди адои намози бомдод ба пешайвон баромада, атрофро наззора намуд. Субҳ медамид, атроф батадриҷ равшан мешуд. Ситораҳои афлок бо фаро расидани рўзи нав ноаён нопадид мешуданд.
«Инсон ҳам мисли ситораҳо. Аз осмон, ки канда шуданд, дигар барнамегарданд. Инсон махлуқи сарсахт. Тамоми мусибату сахтиҳои зиндагиро таҳаммул мекунад. Дар сараш санги осиёбро гардон кунӣ, хонаашро чаппагардон, яксони замин, аҳли авлодашро нест кунанд ҳам, ҳамаашро аз худо медонад. Дар ин чанд соли охир ба сари ин халқи бахтбаргашта чӣ мусибатҳое омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё