Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба халқи меҳнаткаш, ҷафопешаи мо, одамдўсту меҳмоннавози мо чашми бад, нигоҳи бад, касофат расид. Пастиҳоеро нисбати ҳамдигар раво дидем, ки ҳафт пуштамон накардаву надидаанд.
Урус бо чечен ҷангид, озарӣ бо арманӣ ҷангид, амрико бо ироқ ҷангид, исроилӣ бо фаластинӣ меҷангад. Мо бо кӣ ҷангидем? Бо худамон. Наузамбиллоҳ! Дар кадом таърих навишта шудааст, ки як халқ ду тақсим, баъзан чор тақсим шуда, ба ҳам биҷангад, хуни ноҳақ бирезад, дару девори ҳамдигарро оташ зананд. О, агар ҳамин тавр рафтан гирад, пеши роҳи ин бадбахтиҳоро нагирем, тухми тоҷик қир мешавад, баъди чанд сол кобанд ҳам, ба доруӣ намеёбанд. Баъди чанд сол ягон таърихнавис чунин хоҳад навишт: «Як замоне дар рўи замин миллате зиндагӣ мекард бо номи тоҷик. Вале ин тоҷик тоҷикро бо дастони худаш буғӣ карда кушт, тухмашро қоқ кард. Худоё, мабод он рўз! Аз даҳонам шамол барад. Лекин як гапи хуб аст. То бад нагўӣ, нек пеш наояд. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Шукр, сад бор шукр, ки имрўз вазъият дигар, сулҳу салоҳ шуд, давлат қомат рост карда истодааст. Раҳмат ба роҳбарон, падари онҳое, ки ба ин ифоқа расиданд. Худо хайру баракаташон диҳанд».
Кампир як оҳи сард кашида, боз ба дуриҳои дур нигоҳкунон саҳифаи хаёлоти хешро варақгардон кард. «Зиндагӣ имрўз вазнин, сафи бекорон зиёд мешавад. Мардум, ки бекор монд, ба ҳама кори паст, зишт даст мезананд, ҷавонҳо аз бекорӣ даст ба дуздӣ мезананд, ба нашъамандиву нашъаҷаллобӣ машғул мешаванд, занҳои ҷавону духтарони ноболиғ танфурўшӣ мекунанд. Э, кош тезтар заводу фабрикаҳо ба кор медаромаду ҷавонмардони мо зану бачаҳоро партофта ба ҷойҳои дур пулкоркунӣ намерафтанд. Дар ҳамин ҷо монда ҳам ватанашонро обод мекарданду ҳам зану фарзандонро аз ҳақирӣ, нонгадоӣ, танфурўшӣ нигоҳ медоштанд. Шукр, ки бачаҳои нағз дорам. Дутояш соҳиби хонаву дар.
Дар ватанашон кор ёфтанд. Кам-мӣ, мўл-мӣ, нонашона ёфта, зиндагишона пеш бурда истодаанд. Бахтиёрҷон – писари сеюмам бар асари тўҳмат се сол шишта баромад. Шукри худо, ки сиҳату саломат баргашт. Тамоман дигар шудааст вай. Ба зиндагӣ дигар хел нигоҳ мекунад. Вай фақат аз як чиз –аз беҳуда рафтани се соли умр малўл аст. Пастию нокасиро чашми дидан надорад. Лекин, намедонам, аз чӣ бошад, ки ҳаққу ҳамсояҳо ба ў бад-бад нигоҳ мекунанд, баъзеҳо ҳатто аз якҷо шиштан бо ў ор мекунанд, метарсанд аз ў.

пешина
аз 315
навбатӣ