ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Шавҳарат тинҷ? Гуселаш кардӣ?
– Э, кошкӣ намерафт, ота. Аз як ташвиши калон халос мешудам.
– Чаро ин тавр мегўӣ? – пурсид бародар. – Вай, охир, барои сайругашт нарафтааст-ку.
– Агар намерафт, ман шояд ин қадар сарсону зиқу зардоб намешудам.
– Нафаҳмидам. Канӣ, ҳамаашро аз сар нақл кун, духтарам.
– Ҳозир, – Адолат пиёлаи чойро нўшида, ҳодисаро муфассал ҳикоят кард ва афзуд: – Намедонам дар як шаб чанд тори мўи сарам сафед шуд.
– Аҷоиб, худи детектив барин, – хулоса баровард бародар. – Агар ин ҳикоятро дар ягон ҷои дигар мехондам, ба ростӣ бовар намекардам. Лекин ба гапи ту чӣ хел бовар накунам? Хуб кардӣ, ки ҷоната каҷ кардӣ.
Падар лаҳзае ба хаёл рафту даст ба пешонӣ бурда, гуфт:
– Ҳа, ҳоло ҳам хайрият шудааст. Акот дуруст мегўяд, хуб кардӣ, ки шаб дар хонаат намондӣ. Кӣ медонад, чӣ ҳодиса рўй медод. Дарвоқеъ, пулҳоро чӣ кор кардӣ? Дар ягон ҷои нағз пинҳон кардӣ?
– Не, ота, гирифта овардам.
– Чӣ?! – якбора нидо кард бародар. – Бо худ овардӣ?
– Ҳа, чӣ буд? Намеовардам?
– Не, не, хуб кардӣ, духтарам. Боақлӣ кардӣ, ки бо худ овардӣ.
– Вай дугонаат… Ситора пул доштанатро нафаҳмид? – пурсид бародар.
– Не, ман дар ин бора ба ў чизе нагуфтам. Вай ҳам напурсид.
– Дуруст кардӣ, духтарам. Замоне шудааст, ки дўста аз душман фарқ карда намешавад.
Лаҳзае боз хомўшӣ ба вукўъ омад.
Ниҳоят падар яхи хомўширо шикаст:
– Хуб, акнун ту бо ин пулҳо чӣ кор карданӣ ҳастӣ? Ба чӣ қарор омадӣ?
– Қарорам якта, ота, амонатро ба шумо монда меравам. Дигар илоҷ надорам. То омадани Акбарҷон ба ягон ҷо руст карда монед.
Ҳамин ки омад, хатнатўи бачаҳоро мегузаронем.
– Ман зид не, духтарам. Гапат дуруст. Лекин дар ҳамин давру замон пулу моли зиёдатӣ душмани ҷони одам аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё