Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боз амонати касеро гавҳараки чашм барин нигоҳ доштан – ин аз ҳама мушкилтар. Мо ҳам метарсем, духтарам.
– Аз чӣ метарсед, ота? Қишлоқ, ба ҳар ҳол, ҷои тинҷ. Дар гумон аст, ки аз он шаҳри калон бўй гирифта ба ин ҷо оянд. Баъд ин ки суроғаи моро аз куҷо меёбанд.
– Ҷўянда ёбанда аст, хоҳаракам, – ба гап ҳамроҳ шуд бародар. – Дузду ғоратгару рэкэт дар ҳама ҷо ҳаст, сагҳои бўйгир барин ҳама чизро ба зудӣ пай мебаранд. Ба қишлоқ кӣ омад, кай омад, барои чӣ омад, зуд фаҳмида метавонанд.
– Мефаҳмам, ака. Одамони аз ҳама наздикам шумо. Маслиҳат диҳед, дигар аз кӣ маслиҳат пурсам?
– Чӣ илоҷ? – оҳи сард кашид падар. – Маҷбурем гуфтагиатро кунем. Майлаш, духтарам. Ҳоли ҳозир очаат, ки омад, шумурда ба дасташ деҳ. Вай дар куҷо панаҳ карданашро нағз медонад.
Сандуқчааш боз сандуқчаҳои дигар дорад, – падар нимтабассум кард ва бародар ўро пайравӣ.
– Имрўз меистӣ? – боз пурсид падар.
– Не, ота. Ба ҷои корам хабар накарда омадам, суроғ карданашон мумкин. Ака, очама ҷеғ занед. Дар ҳузури ҳамаатон пула тияму зуд баромада равам.
– Ихтиёрат, духтарам. Хайр, биё, очата нигоҳ карда намешинем. Феъли вая худат хуб медонӣ, то ба ширнавбаташ ҳафту ҳашт мекунад, рўз бегоҳ мешавад. Модоме, ки шитоб дорӣ….
Адолат қоматашро яктараф гардонда даст ба миёни синаҳояш бурд ва аз қабати синабандак бастаеро баровард ва баъд боз рўй ба тарафи падару бародараш гардонда, онро кушод ва долларҳои садиро пеши пои падар монд. Бародар ҳамоно «Мардум як гап дорад, ки аз кўча ҳам ёфтӣ, ҳисоб кун». Аз ин рў, бори дигар ҳисоб мекунем» гўён коғазҳои нави сабзгунро ба шумурдан даромад.
Сад, дусад, сесад, чорсад… Ҷамъулҷам ду ҳазор!
Вай долларҳоро аз нав баста печонда пеши падар ҳаво дод.
Ин дам боизтироб модар вориди ҳавлӣ шуд. Ўву духтараш вохўрии бағалкушо карданд ва пас модар саросема пурсид:
– Ҳа, Адолат, тинҷӣ аст, духтарам?
– Тинҷӣ, оча.
– Ма, очеш, акнун худат медонию ин сабзаклабиҷўйҳо, – гўён падар бастаро пеши ў партофт.

пешина
аз 315
навбатӣ