ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Бепарво гаштан гиред! Ҳамин ки дуздонро ёфтем, албатта ба шумо хабар медиҳем». Ана ҳамин хел гапу гапча. Модом ки он ҷиноят ва боз бисёр ҷиноятҳои дигар то ҳол кушода нашудаанд, пас аз дигараш чӣ ҷои умед? Дузду милиса қариб ки як хел. Инаш бо либоси низомии давлат ба мардум ҷабр мекунаду онаш – гоҳ бо ниқобу гоҳ бе ниқоб. Бо ин роҳ, бо ин ҳол ба куҷо меравем?
Дар пеш моро чӣ интизор аст».
Адолатро соатҳои шаш хоб бурд. Лекин дере нагузашта, хоби даҳшатноке диду батарс бедор шуд. Бархоста, ба ошхона рафт.
Худро ба ину он кор андармон сохта, интизор шуд, ки соат ҳашт шавад. Ниҳоят даст ба гўшии телефон бурд. Мехост ба дугонааш хабар диҳад, ки кори таъҷилие баромаду ў боз фавран ба қишлоқ меравад ва агар мабодо дер кунад, бачаҳояшро аз боғча бигирад.
Гўшакро бардошт, ки аз он садое ба гўш намерасид. Ин дам ба хотираш омад, ки «меҳмонони нохонда» гуфта буданд, ки ба умеди телефон нашав, масъалаи онро ҳал кардем». «Хайр, майлаш, бачаҳоро ба боғча мемонаму баъд сари роҳ ба хонаи ў даромада хабараш мекунам» гуфта, бачаҳоро аз хоб бедор кард.
Фирўзу Фирдавс, ҳарчанд ки «мон, очаҷон, боз камтари дигар хоб равем» гуфта, таваллову зорӣ карданд, вай розӣ нашуд, кўрпаро аз болои онҳо кашида, ба хестан маҷбурашон кард.
Бачаҳо дилу бедилон аз ҷогаҳ бархоста, сару рўяшонро пишакшўй карданду ба ошхона гузашта, як пиёлагӣ қандчой нўшиданд. Онҳо аз куҷо медонистанд, ки имшаб дар хонаи онҳо чӣ ҳодисае рух доду модараш то пагоҳ мижа таҳ накард. Аз куҷо медонистанд, ки модар чӣ ҳоле дорад, вуҷудаш чӣ тавр месўзад.
Онҳо ба авзои ноҷўри модар эътибор надода, дар олами ширини бачагии хеш бепарво сайр мекарданд. Фақат як чиз барояшон нофаҳмо буд, ки чаро ин пагоҳӣ модар онҳоро бевақт аз хоби ширин маҳрум кард ва чаро ин қадар бемаҳал боғча мебарад.
– Шудед? Рафтем! – хитоб кард ў ба бачаҳо.
– Ба куҷо, оча? – пурсид Фирўз, ки аз додараш як сол калон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё