Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ба куҷо мешуд? Ба ҷои ҳаррўза мерафтагиатон.
– О, ҳоло бевақт-ку, оча, – китф дарҳам кашид Фирўз.
– Ҳеҷ гап не, бачам, то меравем, ки рўз рўшан мешавад.
– Агар дар боғча ягон кас набошад-чӣ?
– Ҳеҷ кас набошад, қаровул ҳаст!
– Чӣ, моро ба дасти вай медиҳед, оча? Қаровул одами ганда, моро ҷанг мекунад.
– Барои он ки ҷанг накунад, беодобӣ накун. Ба гапаш гўш деҳ.
– Э, вай одами ганда, оча…
– Шуд, шуд, маҳмадоногӣ баст. Канӣ, рафтем! – Адолат аз дасти Фирдавс гирифту ба Фирўз ишора кард, ки пеш дарояд ва худаш аввалин шуда ҷониби дар рафт.
Фирўзу Фирдавс ноилоҷ аз паси модар баромаданд.
Онҳо акнун аз поғундаҳои ошёнаи дуюм ба поён мефуромаданд, ки дари рў ба рў кушода шуду дар остона кампири ҳамсоя пайдо гашт. Вай чун дид, ки Адолат дам назада поин фуромада истодааст, овоз баровард:
– Ҳа, келин, саҳари мардон бо шербачаҳо куҷо рафта истодаед? Бахайр аст?
– Тинҷӣ, хола, тинҷӣ. Хавотир нашавед… – нимғурма посух дод Адолат ва аз тарси он ки кампир ўро боз истинтоқ накунад, афзуд: – Дар мактаб камтар кори нотамом дорам. Барои ҳамин барвақттар рафта истодаам.
– Дуруст мекунӣ, духтарам. Кори саҳара файзаш дигар. Нағз рафта биё. Аз хонаат хавотир нашав. Ман ҳамин ҷо, – кампир бозгашта ба хонааш даромад.
Ин суханҳо дар ниҳоди худ кадом маъниҳоро ниҳон доштанд? Дилсўзӣ ё киноя, барои Адолат номафҳум буд. Ў дар сар фақат як андеша дошт: тезтар бачаҳоро ба боғча бараду зудтар дугонаашро хабардор кунад, ки дар сурати дер кардан, аз бачаҳои вай хабардор шавад, мехост зудтар ба маҳаллаи Шимолӣ раваду ба афтобуси Тагоб нишаста, зуд роҳи қишлоқро гирад, то ки падарашро дар ҳавлӣ пайдо кунад. Раваду ўро пайдо накунад, агар ў ба ягон деҳаи дур шабхобрав рафта бошад, магарам ки ба шаҳр барнагардад. Он вақт чӣ мешавад? Фирўзу Фирдавс боғчаро ба сарашон мебардоранд, дар хонаи дугонааш ҳам ором намешинанд, ҳамаро ба бузакбозӣ медароранд. Охир, онҳо ба ў чунон одат кардаанд, ки…

пешина
аз 315
навбатӣ