ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳамин замон банохост чашми Адолат ба ангушти панҷуми дасти рости навча афтода, баданашро ларза гирифт, аз сараш як сатил оби хунук рехтагӣ барин шуд.
Мехост чизе пурсад, лекин овозаш набаромад.
Бо оби даҳон тар кардани ангушти ишоратӣ ва сипас пулшумурӣ чанд бор такрор ёфт. Адолат акнун ба долларшумурии навча не, бештар ба ангушти панҷуми вай, ки нимаш набуд, нигоҳ мекарду нигоҳ. Ҳаракатҳои навча, пулшумурии вай ба Адолат шинос барин менамуд, вале аз куҷо дар ин лаҳзаҳои ҳаёту мамот ба хотир оварда наметавонист. Он дам ин муҳим ҳам набуд, муҳим он буд, ки тезтар ҳисоб кунанду дафъ шаванд.
Ниҳоят навча долларшумуриро ба охир расонда, гуфт?
– Дуппа-дуруст! Маладес, сестричка!
Вай инро гуфта, аз долларҳои шумурдааш дусад долларо ба Адолат дароз кард:
– Мо дузд бошем ҳам, баинсоф ҳастем. Инаш – ҳаққи ту. Боз нагўӣ, ки мо мумсик. То омадани шавҳарат ба шикасту рехти рўзгорат мерасад.
– Ба одамгарии мо қоил шав, хонумча, – ба гап ҷома пўшонд миёнақад. – Дар ягон ҷо хондаӣ ё шунидаӣ, ки рэкетчиён ҳамин хел рафтор кунанд? Рафтори моро бояд ба китоби Гинес нависанд!
– Ҳа, чӣ шах шудӣ? Бовар намекунӣ? Гир гуфтем, гир, ки боз аз фикрамон нагардем. Як гапи тоҷикӣ ҳаст, диҳанд, гир, зананд, гурез! – Қаддароз дусад долларро зўран ба кафи дастони Адолати шахшуда ҷой кард. – Акнун ба мо ҷавоб, ба нағзӣ бинем!
– Моро ба бадӣ ёд накун! – афзуд дигарӣ ва дарро кушоданӣ буд, ки он худ кушода шуд ва се мард чолокона пеши роҳро бастанд.
– Наҷунбед! – бонг зад яке аз онҳо, ки овозаш барои Адолат шинос буд.
– Як қадам монед, мепарронам! – хитоб кард дигарӣ ва мили таппончаро ҷониби онҳо рост карда, амр дод:
– Чароғи роҳравро даргиронед!
Сенафарон «меҳмонони нохонда»-ро иҳота карданд. Адолат аз онҳо танҳо як нафарашон – Бахтиёрро, ҳамон Бахтиёреро, ки боиси нороҳатӣ ва малоли хотираш гашта буд, шинохт. Шинохту худашро гум карда, лабонаш пир-пир парида, оҳиста гуфт?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё