Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ш…ш… шумо?
– Ман, апа, Бахтиёр. Ин кас – аком, ин кас милисаи маҳаламон.
Ин дам навча якбора бонг зад?
– Ҳа, ҷалабе, кората кардӣ-да, хабар додӣ, ҳа?! Мана ба ту! – ў бисёр чобукона аз соқи мўза корди дарози шикориро кашида ба Адолат ҳамла кард. Вале Бахтиёр чолоконатар пеши роҳашро гирифт ва корд ба Адолат нею ба байни панҷаҳои ў даромад.
Ҳарчанд ки дасташ хунщор шуда буд, вай бо тамоми қувва дасти навчаро тоб дода, кордро ба фарш ғалтонд. Ҳамоно милиса, ки лаҳзае карахт шуда буд, ба худ омада, бо таппонча ба паси гардани навча фаровард.
Ин дам миёнақад аз фурсат истифода бурда, бародари Бахтиёрро тела дода аз дар баромаданӣ буд, ки дар остона Ҳамида-хола пайдо шуд ва бехудона бо асои нўгтези оҳанаш ба фарқи сари вай фаровард.
– Ҳа, номард! Канӣ, марш ба хона!
Миёнақад аз зарбаи ногаҳонӣ ба худ печида, сари хуншорашро дошта ақиб гашт.
Дастони ўро низ ҳамоно завлона заданд.
Пиразан аввал ба дастони хунолуди Бахтиёр, сипас ба чеҳраи коҳидаи Адолат нигариста, бо афсўс сар ҷунбонд:
– Ҳа, духтарам, ман нагуфтам ба ту… Агар як лаҳза дер мекардем… Чӣ шах шуда мондӣ, ягон латта-патта дорӣ?
Адолат саросема ба хона даромада дока ёфта омад. Модар дасту панҷаи Бахтиёрро басту ба сенафарон муроҷиат кард:
– Хайр, чӣ нигоҳ карда шиштетон? Пешандоз карда баред инҳоро, меҳмонӣ ба охир расид.
– Оча, як дақиқа, – гуфт Бахтиёр. – Ман мехоҳам Адолат-апа чеҳраҳои ин «меҳмонони олиқадр»-ро бинад. Ба фикрам, мешиносад инҳоро?
– Чӣ, мешиносам? – даступо хўрд Адолат.
– Ҳа, бояд шиносед!
Бахтиёр ба навча наздик омада, даст ба ниқобаш бурданӣ шуд, ки вай тарафи чап тоб хўрд.
– Номард, ба ин тараф нигар! – хитоб кард Бахтиёр.
Вале вай боз сар нафароварда рўй тарафи рост гардонд.

пешина
аз 315
навбатӣ