ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ғазаби Бахтиёр ҷўшиду мушти обдоре ба паҳлуи чапи навча фаровард. – Рост ист мегўям, номард!
Навча ноилоҷ рост шуд.
Бахтиёр бо кароҳат ниқобро аз рўи вай канда, ба фарш партофт.
– Ибӣ, ин одам шинос барин-ку, – гуфт кампир пештар омада. – Назарамба се-чор рўз пеш дар назди ҳамин бино дида будам.
Канӣ, духтарам, ту дурусттар бин, шояд шиносӣ? – пиразан ба Адолат рўй овард.
Аҳрор – бародари ҳамхуни Адолат – навча рўяшро ба дигар тараф гардонд, ки чашмаш ба чашми Адолат наафтад. Вале Бахтиёр ҳамоно рўи ўро тарафи Адолат гардонд:
– Канӣ, хоҳари азиз, дурусттар нигоҳ кунед, шояд ин махлуқро дар ягон ҷо дида бошед? Ман ўро дар вокзали шаҳр дида будам.
Адолат ба чеҳраи навча нигариста, дар ҷояш шах шуд. Ҳанўз ба худ наомадаву сухане ба забон наоварда, Бахтиёр ниқоби «меҳмон»-и дуюмро ҳам барканд.
– Э, войе! Инашро ҳам ман он рўз дар рўи ҳавлӣ дида будам,
– ҳамоно гуфт Ҳамида-хола.
Адолат сўи нафари дуюм нигаристу падари ба ҷону дил баробарашро дида, даҳонаш во монд. Гоҳ ба бародараш, гоҳ ба падараш карахтона, гўё аз ақл бегона шуда бошад, сар меҷунбонду халос.
– Ба ту чӣ шуд, духтарам? – хавотир шуд кампир. – Гап зан охир, инҳоро шинохтӣ ё не?
Адолат гўё ба худ омад.
– Ҳа, шинохтам, холаҷон, – базўр овоз баровард ў ва баъди фосилае гўй дар баданаш вулқоне ба амал омада бошад, якбора фиғон кашид, фиғони пурдарде.
– Кошкӣ намешинохтамашон, холаҷон! Кошкӣ намешинохтам! Кошки чашмонам кўр мешуданду инҳоро намедидам! Эй, худо! Кошкӣ ҷони мани берўзиро тезтар мегирифту аз ин шармандагӣ халосам мекард. Чӣ рўзаст ин, чӣ даҳшат аст, чӣ беномусист!..
– Духтарам, худата ба даст гир, – аз китфони Адолат дошта гуфт кампир. – Худата ба даст гир…
– Шумо инҳоро шинохтед, холаҷон? – Адолат сар ба сандуқи синаи Ҳамида-хола монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё