Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соли дароз, дар айёми корубори пахтакорон бошишгоҳ ба бошишгоҳ мегашту зимистонҳо меҳмони ҳамешагии чўпонон буд. Барои калонсолон филмҳо нишон медоду барои кўдакон – намоишҳои лўхтак доир мекард – афсонаҳои халқӣ мегуфт барояшон ё худ қиссаҳои аҷибе мебофт, ки ҳамеша некиву садоқатро бартахт менишонданд. Лўхтакҳоро худаш месохт ва аз афти кор, бад ҳам намесохт, чунки аз театрҳои касбӣ наздаш омадаву корҳояшро меписандиданд. Номи Муродалӣ Сафаров дар рўзномаҳо пайдо шуд, ҳатто дар борааш филми мустанад гирифтанд, вале ин ҳама асоси кораш набуд. Балки он буд, ки фармоиши деҳотиёнро иҷро мекард, барояшон филмҳои аҷоиб меовард, найрангҳои сирк, ки солҳои охир омўхта буд, нишон медод ва чашмакони мафтуну дурахшони кўдакон заҳмати роҳҳои дуру сангин ва зиндагии носози нимлўлиёнаашро ҷуброн менамуд.
Ахиран писараш Ислом низ, ки понздаҳсола шуда буд, ҳамроҳаш мерафт. Зоҳиран ба ў кори падар чандон писанд набуд, вале шавқи техника ба ин водораш мекард – ў метавонист соатҳо бо мошин машғул бошад, кушояду маҳкам кунаду бишўяд ва дар таъмири андак ба падар ёрӣ диҳад. Танҳо дар як сафар Муродалӣ писарашро бо худ нагирифт. Дар сафаре, ки чун имрўз дар охирин лаҳзаҳои соли куҳан ба чарогоҳи дурдасти рамаи Ҳаитбой – шавҳари Бозгул сурат гирифта буд.


Он воқеа ҳашт сол қабл рух дод. Муродалӣ сари роҳ ба ин чарогоҳ даромад – мехост бубинад, ки соҳиби он кист ва ба чўпонон кино нишон бидиҳад. Шунида буд, ки Бозгул ҳамроҳи шўи чўпонаш дар кўҳҳои Ҳисор аст, вале аниқашро намедонист.
Вақте ки Ҳаитбойро дид, вуҷудаш саропо сўхт, вале сир бой надод. Бо Бозгул ҳам расмӣ салом кард, ҳарчанд ки чун оҳанрабо сўи хеш мекашидаш. Чӣ сон мехост дастонашро бигираду ба чашмони сиёҳи фаттонаш нигариста, барояш шеър бихонад.
Шеърҳои худро – замоне шеър наменавишт ў, сўҳбати рўёрўи ошиқонаро афзалтар медонист, вале дар фироқи ёр шеърнавис ҳам шуда буд. Бозгул он вақт се фарзанд дошт. Муродалӣ барои онҳо афсонаи «Гули сурх»-ро ҳикоят кард, барои калонсолон чанд филми кўтоҳи мустанад ва филми ҳунарии «Ман бо духтаре вохўрдам»-ро нишон дод.

пешина
аз 315
навбатӣ