Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аҷобате надошт зоҳиран – хайр, як филми кўҳнаи шинос, вале чунин бармеомад, ки гўё махсус онро овардааст.
Дар сари дастархон хеле сўҳбат карданд ва ҳангоми хайрбод Муродалӣ ба фарзандони Бозгул, ки фарзандони ў ҳам буда метавонистанд, ваъда дод, ки рўзи охирини ҳар сол наздашон омада, афсонаи навашон мегўяд. Беҷо ин рўзро интихоб накарда буд ў – Соли куҳан тамом мешаваду наваш оғоз меёбад ва, аҷиб нест, ки навгониҳое биёрад.
Нав мошинро ба роҳи калон бароварда буд, ки аз пас садоҳоеро шунид. Истоду дар оинаи паснамо Ҳаитбойро дид, ки сўяш медавад. Ба мошин расида, дари кабинаро кушоду чашмони бе ҳамин ҳам тангашро нимкоф карда гуфт:
– Гап ҳамин, Сафаров, дигар ба ин ҷо омадан лозим нест.
Коҳи кўҳнаро чӣ бод медиҳед? Бигзор, ягон каси дигар кино биёрад…
– Ман ба бачаҳо ваъда додам, Ҳаитбой. Соле як бор хабарашон мегирам.
– Лозим не, Сафаров, оқибат надорад.
– Соле як бор, – қатъӣ такрор кард Муродалӣ. Ва ба роҳи худ рафт.
Чанд сол паи ҳам дар чарогоҳи зимистона бо Ҳаитбой дидор диданд. Баъд, аз афти кор, Ҳаитбой асабаш тоб наовард ё тан дод, ки марде, чун пештара занашро дўст медораду бисёр мехоҳад соле ақаллан як бор соатаке варо бубинад, ки ҳар сол сивуякуми декабр ба маркази ноҳия, аёдати волидонаш мерафтагӣ шуд. Ҳамин тариқ, Муродалӣ рўзеро аз сесаду шасту панҷ рўзи дарози сол барои дидори шахси азизаш рабуд…
Акнун Бозгул чор фарзанд дорад. Ў ҳам ишқи нахустинашро фаромўш карда наметавонад ва дар дил ба худ нафрин мехонад, ки аз рўи волидон нагузашту ба Душанбе хонданӣ нарафт. Итоаткориаш басо гаронаш афтод. Муродалӣ бошад, ба ин қадар соли сипариву фарзандонаш нигоҳ накарда, ҳоло ҳам омода буд ўро бигирад, вале намедонист бо чӣ роҳ ва фурсати мусоидеро мепоид, ки ба ин амал водораш созад…


Ба чорраҳа расида буд, ки мотор ба тарақотуруқ даромаду мошин дар ҷояш истод.

пешина
аз 315
навбатӣ