ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Манзараи аҷибе пеши назар ҷилва мекард. Теппаҳои пурпечутоб, яке паи дигаре, пеш меомаданд ва чунин менамуд, ки охир надоранд онҳо. Балки ба амвоҷи баҳри пуршўре мемонданд, ки пушти ҳам меомаданду меомаданд. Ин амвоҷи кўҳҳо якдигарро иваз намуда, паси ҳам сар ба шахҳои доманадоре мекўфтанд, ки барфи абадии қуллаҳояшон кабудӣ мекард. Алафҳои хушкидаи сари теппаҳо дар дили боди сарди ҷонсўз, ки мавҷ мезаданд ва чунин ба назар мерасид, ки он ҳама алаф не, кафки сари мавҷҳои баҳранд…
Байни ду теппа сои пуршебуфарозе доман густурда буд, ки дар канораш рамаҳо машғули чаро буданд. Дар ин ҷо ду оилаи чўпонҳо мезист ва Муродалӣ бори чандум буд, ки бо ҳасад меандешид: шояд маҳз чунин як зиндагии оддии заминӣ мехоҳаду ўву бас. Зиндагие, ки вазифаи инсону моҳияти ҳастии ўро ба ҳам оварда, мавҷуди соҳибхираде месозад…
Мошин тарақотуруқкунон бо роҳи пурпечутоб ба дара ворид шуд. Аллакай ду хоначаи чўпонии нишебии теппаро, ки аз дутаашон дуди нилгун ба ҳаво мепечид, баъало дидан мумкин буд.
Дар паси хоначаҳо шиғҳои молхонаҳои васеъ-васеъ, ки шабҳо гўсфандони то шом дар шебу фарози атроф чаронро ба канор мегирифтанд, аён менамуданд. Аҷиб, ки дар ин ҷо барф набуд, гўё онро махсус ба нишебиҳо бурда, захира кардаанд; захираҳое, ки танҳо дар нимаҳои фасли тамуз об шуда, рўду дараҳоро пур мекунанд.
Муродалӣ чор бор сигнал дода буд, ки аз хоначаи аввал бачаҳои гўё ин садоро интизори Зайнаб берун ҷастанд. Аз манзили паҳлў боз се наврас – фарзандони чўпони камгапу батамкини миёнсол Мамадқул давида баромаданд. Ва селаи бачаҳо дастонашонро алвонҷ дода, ба истиқболи мошин давиданд.
Ана, Бозгул… Муродалӣ ўро зуд шинохт, агарчи ғайриоддӣ палтои хокистарранг пўшидаву ба сар рўмоли кабуде баста буд.
«Орову торо кардааст… Наход, ки барои ман? Яъне, интизор будааст!» – ин андешаҳои ҷонсўз аз сараш гузаштанд.
Муродалӣ ниқоби хандаовари харгўшакро, ки дар бараш мехобид, гирифта ба рў кашид. Резини кўтоҳи он мўи сарашро кашид, вале ин дам дардеро эҳсос намекард – оқибат лаҳзае фаро расида буд, ки барояш ў роҳи дарозу душвореро паймуд; лаҳзае, ки Муродалии шофир якбора аз назарҳо меафтаду Сафарови актёру нағмагар пеши назарҳо ҷилвагар мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё