Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мошин дар назди хоначаҳо қарор кард. Дари кабина кушода шуду атроф аз чирроси шодии бачаҳо пур шуд – аз зинаи мошин харгўши зираку доно, айни оне, ки аз «Ну, погоди!» барояшон шинос буд, ба онҳо менигарист.
– Касе, ки маро бишносаду номамро бигўяд, соҳиби тўҳфаи нодиру қимматбаҳо мешавад! – гуфт харгўш бо садои аҷиби ошно ва ба тарзи хандаоваре гўшҳояшро ҷумбонд.
– Амаки Муродалӣ! Амаки Муродалӣ! – садои ҳамдигарро пахш карда, фарёд заданд бачаҳо.
– Хайр, чӣ илоҷ? – «малўлона» гуфт харгўш. – Ёфтед…
Муродалӣ ниқобро аз рў кашид ва бачаҳо чеҳраи хандони ошнои деринаашонро, ки ҳар сол барояшон киноҳои аҷиб меораду афсонаҳои ҷолиб мегўяд, рўбарўи хеш диданд.
– Ёфтед… Вале агар ман ба ҷои шумо мебудам, шодӣ намекардам. Медонед, барои чӣ? – Муродалӣ ангушти ишораташро бардошта бачаҳоро ба хомўшӣ даъват намуд. – Гап дар он ки шумо ҳама сазовори тўҳфаед.
Муродалӣ як-як бачаҳоро, ки дам ба дарун гирифта беқаророна интизор буданд, аз назар гузаронд: – Шумо, ки ҳафт нафаред тўҳфаҳои ман бошанд…
Ҳамоно садои «Ура!»-и бачаҳо атрофро пур кард. Писарону духтарон, гапи якдигарро бурида, ба меҳмон фаҳмонданӣ мешуданд, ки маҳз ҳамин қадар тўҳфа лозим аст: албатта, онҳо худ ҳафт нафаранд, лекин боз холаи Бозгул ҳаст, холаи Хайрӣ ҳаст, амаки Мамадқул ҳаст! Амаки Ҳаитбой ҳам ҳаст, лекин ў район рафтааст ва барои худ тўҳфа мехаридагист, чунки амаки Муродалӣ тўҳфаи зиёдатӣ надорад.
Бисёр мутаассир шуд Муродалӣ аз ин суханон. Аз дилу ҷон шод гашт, вале сир бой надод.
– Гуфтаи шумо шавад! – гуфт бо овози сохта ва пакетҳои мусаввари рангинро ба бачаҳо тақсим кард.
Вақт! Чӣ кам аст он ҳамеша ва чӣ сон алайҳи онест, ки ин мафҳуми лағжону резонро шитобонда ё ба майли хеш мутобиқ кардан мехоҳад.
Муродалӣ арчаро дар майдончаи гўсфандтарошӣ шинонда, дар гирдаш рақсу бозии бачаҳоро ташкил кард. Батадриҷ калонсолон низ ба давра даромада, бо чашмони баста аз арча қандҳоро кандан мехостанд, ҷавоби чистонҳоро мегуфтанд, фаҳмонданӣ мешуданд, ки аз ин чӣ гуна амаки ҳиллагар пуфакҳои рангаро чолокона ба ҷайбаки бачаҳо меандозад.

пешина
аз 315
навбатӣ