ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Дақиқае сипарӣ гашт, дақиқаи дуюму сеюм ҳам… чархҳои ақиби «Нива» ба бардама, ки яхи барҷаставу рахшони рўяш чанголи даррандаро ба ёд меовард, наздик шуданд.
Ақл Муродалиро талқин мекард, ки инак тақдири ў ҳал мешавад, ў бояд хунсардона ин манзараро то охир бубинаду баъд бо овози ларзон ба корманди бозрасии автомобилӣ тафсилоти мудҳиши ҳалокати Ҳаитбойро нақл кунад. Чашмҳоро пўшидан ё рўйро бо дастон маҳкам кардан ҳам табиӣ хоҳад буд: охир, дар ин чанд лаҳзае, ки аз умри чўпон боқӣ мондааст, чӣ кор ҳам кардан мумкин?..
Вале Муродалӣ беихтиёр коре кард, ки дар гўшаи хаёлаш ҳам набуд: ў бошитоб суръати якумро пахш кард ва бе андешае, ки мошинаш ба як тараф хамида аст ва бемалол чапа шуда метавонад, онро пеш ронд. Ва дар вақташ расид: сари роҳи «Нива»-ро баст ва он башаст омада ба он бархўрд. Муродалӣ ҷаҳида аз мошин фаромад ва дари «Нива»-ро бо як зўр кушода, Ҳаитбои берўҳу ҷонро аз он берун кашид…
Онҳо чун мошинҳояшон, паҳлўи ҳам меистоданд. Ҳаитбой ранги рўяш канда, беихтиёр гўё таппончаашро гирифтаниву Муродалиро парронданӣ бошад, гўшаи нимтанаашро даст-даст мекард.
Муродалӣ арақшор шуда буд, дилаш сахт метапид, зонувонаш меларзиданд.
– Раҳматат бигўям? – бо овози хиррӣ пурсид Ҳаитбой.
– Лозим нест.
– Чунин имкониятро аз даст додӣ…
– Дар вайронаи бахти дигарон хушбахт шудан номумкин аст.
– Аблаҳ! Гумон мекунӣ, ки ман як умри боқӣ аз ту миннатдор хоҳам буд? Ана! – Ҳаитбой ангушти калони дасти росташро аз байни ангуштони дигар гузаронда, ба маънии маълуме зери бинии Муродалӣ рост кард.
– Даркор ҳам нест! – гуфт Муродалӣ ва Ҳаитбойро яктарафа намуда, назди «Нива» рафт, онро каме пеш ронда ба роҳ рост кард, зери чархҳояш санг монд, ки ақиб наравад. Мошини худро ба канори роҳ бурд, баъд сабукравро печутоб дода, аз паҳлуи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё