Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

боркаш гузаронд ва бо мотори гирён рўи роҳи рост монда, ба Ҳаитбой, ки тамоми ин муддат беҳаракат рафтори рақибашро назора менамуд, рўй овард:
– Роҳи сафед.
Ҳаитбой сўи мошинаш рафт ва ба он нишаста истода, маълум набуд бо чӣ оҳанге ҷониби Муродалӣ дод зад:
– Масхарабоз!
«Нива» ба роҳ даромад ва тақрибан баъди панҷоҳ қадам дар паси шахи рўи роҳ овезон аз назар ғоиб шуд.
Муродалӣ танҳо монд. Ў назди мошинаш рафт ва ба помонаки он нишаст, ки каме дили пуризтиробашро ором кунад.
Масхарабоз… Таҳқир буд ин? Аз афташ, не. Охир, он яке аз машғулиятҳои қадимаву писандидаи мардум аст. Яъне инсон ҳамеша ниёз дошт, ки хушҳолаш бинмоянду имконаш бидиҳанд, ки чанд лаҳза ташвишҳои рўзгорашро ба фаромўшӣ диҳад. Ва на танҳо ин – боз одамонро оиди неку бад ба андеша маҷбур сохтан, ба беҳтару нисбати атрофиён пуртаҳаммултар шудан водор намудан лозим буд.
Масхарабоз табибест, ки мекўшад беақлию хасисӣ, худхоҳиву ман-манӣ ва боз бисёр хислатҳои пасти инсонро даво бубахшад. Замонҳои пеш саҳнаашон бозорҳо – ҷои серодамтарини шаҳру деҳ буд. Ҳиллаву найрангҳои аҷиб мекарданду, дорбозӣ менамуданд, саҳначаҳое нишон медоданд, ки то дунё барҷост, пандомўз хоҳанд буд. Имрўз бошад, дар гармову сармо чарогоҳ ба чарогоҳ мегарданд ё саҳнаҳои шаҳрро обод медоранд. Яъне, танҳо шакл тағйир пазируфтааст, мазмун ҳамонест, ки буд.
Пас чаро Муродалӣ аз ин сухан биранҷад ва аз пешаи худ шарм кунад? Ана, ҳамин рўз, дар лаҳзаҳои мушкилтарини умраш ў бо нақлҳои сохтаву бофтааш чашмакони бачаҳоро аз ҳаяҷон дурахшон кард, талқин намуд, ки ба атроф бо чашми дигар бингаранду ҳуснашро дарёбанд, чӣ хеле ки мегўянд, ба тори дилашон нохун зад ва бовар дорад, ки бунёдашонро андаке беҳбудиву рўшноӣ бахшид.
Бозгул чӣ? Имрўз ў шояд бори аввал дар умраш фаҳмид, ки дўст доштан танҳо хоҳиши дидану шунидани маҳбуб не, балки барои бахти худ талош кардану сазовори он будан аст. Чӣ илоҷ, ки тақдири онҳо бо ҳам набудааст, вале шояд духтарони ў ин хаторо такрор накунанду соҳиби бахти худ шаванд. Ў, масхарабоз Муродалӣ Сафаров, бисёр кўшид, ки ба ин мусоидат намояд.

пешина
аз 315
навбатӣ