ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳаитбой… Зоҳиран ҳамон худдонаме монд, ки буд. Ҳамон, вале дар айни замон билкул дигар. Ҳоло дар айни ғазаб фаҳмида наметавонист, ки бар рағми имконияти қисмат бо ҷони худ бозӣ кардаву рақиби умрбодиро наҷот бахшидан чӣ маънӣ дорад. Бале, гармогармии кор инро фаҳмидан душвор, вале ҳеҷ мумкин нест, ки дар дилаш эҳсосе барнаангехта бошад…
Ва худи ў, Муродалӣ, ки имрўз шояд дар набарди муҳимтарин бо хеш пирўз шуд. Дар аввал ба мавҷуди пасти пурғаразе табдил ёфт, ки барои ба мақсад ноил гаштанаш аз ягон восита рў наметобад. Вале баъдан дар вуҷудаш Инсон ғолиб омад. Инсоне, ки аз имрўз ва баъд ҳақи комил дорад, дигаронро ростиву некӣ биомўзад.
Шаб батадриҷ пардаи сиёҳи худро ба болои дараи танге, ки қад-қади ҷарии бетагаш роҳи махуфе тўл мекашид ва рўи он бар помонаки мошини фарсудааш нишаста, устоди кинои сайёр Муродалӣ Сафаров аз қисмати хеш меандешид, меафканд. Чунин менамуд, ки торикӣ чун дуди сиёҳ аз тарақи шахҳо берун меояду сангҳо чун яхи айёми баҳор дар панҷаи зулмот об шуда онро чун рўде шодобтар месозанд.
Муродалӣ баногоҳ аз сармо ларзид. Аз ҷо хест, чанде ба замини яхбаста по кўфт, атрофро аз назар гузаронд. Ба ҳайрат афтод, ки осмон соф шуда буду дар оғўши сардаш ахтарон чашмак мезаданд. Барои Муродалӣ танҳо поку муҷалло набуданд онҳо, балки бо сад ранг медурахшиданду анвори ниливу сабз ва сурху норинҷашон ба замин метаровид. Ва кўҳу дарахтон, решаи сабзаи ҳанўз наруста, хуллас, ҳама мавҷуди ин дунё он нурро ташнакомона дам мекашиданд то фардо ганҷинаи беҳтарини оламу одам – зебоии ҷовидонаро афзунтар кунанд.
Муродалӣ шодмоние эҳсос намуд. «Воқеан одил аст табиат, – аз дилаш гузашт беихтиёр. – Буду набудашро ба ҳамагон баробар мебахшад. Пас мо чӣ ҳақ дорем, ки яке худро аз дигаре беҳтар бишморем, ҳақи дигарро соҳибӣ кунем ва боз ҳунари зиста тавонистанро далел оварда худро ҳақ барорем?»
– Афсонаи аҷиб, – худ ба худ гуфт Муродалӣ ва ба кабина даромад. Аз сардӣ ба худ фурў рафта калидро тоб дод. Мотор, ки ҳанўз хунук нашуда буд, зуд дар гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё