Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саҳна торик. Пеши парда. Мусиқии ҳазинии помирӣ. Ровӣ аз як гўшаи саҳна падид меояд.

Ровӣ. Кунун бишнав аз ман ту, эй родмард,
Яке достоне пурозору дард.
Бад-он гаҳ, ки баргашт Афросиёб,
Зи пайкори Рустам диле пуршитоб,
Бад-он роҳи бераҳ сар андар кашид,
Гурезон зи Рустам ба Шингон расид...

Ровӣ оҳиста-оҳиста меравад.
Парда бардошта мешавад.

ҚИСМАТИ АВВАЛ

Шуғнонзамин. Аз дур кўҳҳои осмонбўс ва ғарқа дар барф ба чашм мерасанд. Шир-шири оби чашма гўшнавоз аст. Гирди чашма сабзаву себарга руста. Ин ҷо кароргоҳи муваққатии Афросиёб.
Афросиёб болои тобасанге нишаста, гирду атрофро муоина дорад. Авзояш беҷо, хотираш пареш, дилаш реш. Маълум, ки абри ғами шикасти ҷанги Рустам хотирашро ҳоло батамом тарк накарда. Ногоҳ нигоҳаш ба дур ғел мехўрад. Рўинро мехонад.
Афросиёб. Рўин!
Рўин (давида аз хайма берун шуда)
Гўшам ба шумост, олампаноҳо!
Афросиёб. Мебинӣ?
Рўин (сарфаҳм нарафтаю китф дарҳам кашида)
Чиро, олампаноҳо?
Афросиёб. Ҳў, ба он марғзор бингар!
Руин. Дидам, олампаноҳ!
Афросиёб. Киро?
Руин. Кишоварзеро мебинам, олампаноҳ!
Афросиёб. Бубин, чӣ сон ситода вай?
Руин. Бале!
Ситода бад-он дашт ҳамчун ҳуюн,
Ба тан ҳамчу кўҳу ба чеҳра чу хун.

пешина
аз 315
навбатӣ