ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Кашида бару соиду ёлу бурз,
Дарахте дар даст монанди гурз.
Қавӣ гардану синаву бар фарох,
Ба тан чун дарахту ба бозу чу шох.
Бад-он паҳлавон бозувони дароз,
Ҳаме шох бишкаст он сарфароз.
Афросиёб. Маро сол бигзашт бар чорсад,
Надидам чунин мардӣ рўзи набард.
На Соми Наримон, на Гаршосп буд,
На гўши ялон низ чунин шунид.
Ситодаст з-он гуна бар паҳндашт,
К-аз ин сон сипоҳе бар ў баргузашт.
Наёмад зи мо бар дилаш ҳеҷ бок,
Чӣ моем пешаш, чӣ як мушти хок!
... Уфф!
Афросиёб оҳи чуқур аз дили пуршўр бадар мекунад ва ба Руин фармон медиҳад.
... Рав тозиён, Мар ўро биёвар ба наздам давон!
Бад-он то бидонам, ки аз тухми кист, Чӣ гўяд, бад-ин дашт аз баҳри чист?
Руин. Ба чашм, олампаноҳ!
(Меравад. Афросиёб ба хайма медарояд. Рўин қадаме чанд пеш намонда дар рў ба рўяш Барзу пайдо мешавад. Рўин пеши роҳи ўро мегирад). Исто!
Барзу. Хушш...
Руин. Куҷо мешитобӣ?
Барзу. Ту мункарӣ ё накир?
Руин. На ину на он.
Барзу. Пас аз сари роҳам дур шав ва бимон, ки паси заҳмати хеш бошам.
Руин. ... Эй марди деҳқонпажуҳ.
Чӣ бошӣ дар ин дашт бо ин гурўҳ?
Шаҳи Чину Мочин ҳамехонадат, Бад-он то аз ин ранҷ бирҳонадат.
Барзу. Кист ў, ки ман намедонамаш?
Руин. Ҷаҳондор – Афросиёби далер,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё