ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Падарро надидам ба чашм аз буна,
Ҳама сол эдар будам яктана.
Ману модарам эдару чанд зан,
Ниёи кўҳан бозмонда ба ман.
Ниёи маро ном Шерўи гурд,
Ба нахчири шераш будӣ дастбурд.
Кунун пир гаштасту бисёрсол,
Варо чанбарӣ шуд ҳама бурзу ёл.
Афросиёб. Эй гурди паҳлавнажод,
Замона туро доди давлат бидод.
Биёбӣ зи ман давлату ком ту,
Ба шоҳӣ расад ин саранҷом ту.
Ҳамон кишвару духтарам они туст,
Ҳамон лашкарам зери фармони туст,
Яке кор пеш аст, гар он кунӣ,
Ҷаҳон сар ба сар зер фармон кунӣ.
Ҷавонию мардӣ ба ҷо оварӣ,
Сари душманон зери по оварӣ.
Яке мард аз Эрон падид омадаст,
Ки банди ялонро калид омадаст.
Зи Туронзамин номдоре намонд,
Ки маншури теғи варо барнахонд.
Дили ҷангҷўён аз ў шуд бадард,
Наёрад касе разми ў ёд кард.
Кунун гар ту бо ў набард оварӣ,
Сарашро зи гардун ба гард оварӣ.
Худои ҷаҳон бар забонам гувост,
Ки ранҷу сарою сипоҳам турост!
Барзу. Бигўедам, эй шаҳриёр!
Чӣ ном аст номи гави номдор?
Афросиёб. Таҳамтан-ш хонанду Рустам ба ном,
Падар Золу аз пушти Дастони Сом.
Ҳамеша нишасташ бувад Систон,
Ки бодо ҳамеша куноми дадон!
Барзу. Шоҳо, аз ин кор чандин матоб!
Чу аз як тан ин ранҷ шояд туро.
Пас ин подшоҳӣ чӣ бояд туро?
Чу ҷангӣ набошад дил андар барат,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё