Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Барзу бо як чолокӣ худро ба канор мегирад. Руин мувозинатро гум карда сарозер меафтад. Шамшер як тараф, вай як тараф. Мехоҳад чолокона бихезад, лекин бо зарби лагади Барзу боз нақши замин мегирад. Барзу шамшери ўро гирифта ба ду қисм ҷудо мекунад. Ин дам Афросиёб аз хайма берун омада, шоҳиди ин манзара мешавад. Паҳлавон Пирон ҳам аз қафо ин манзараро тамошо мекунад ва ба ваҳм меафтад.
Афросиёб (ба Пирон). Эй паҳлавон!
На аз мардум аст ин, зи Аҳриман аст!
Ман, эдун, гумонам, ки бахти ман аст!
Аз ин марди ҷангӣ намояд чунон,
Ки дар дидаи Рустам орад синон.
(Ба Гарсеваз хитоб мекунад):
Ба нармӣ биёвар ба назди манаш,
Ба чарбӣ ба дом оварӣ гарданаш.
Магардон забонро ба тундӣ бар ўй,
Мабодо, к-аз ў ранҷат ояд ба рўй.
Гарсеваз. Ба чашм! (Назди Барзу меояд)
Дуруд бар ту, эй номҷўй,
Чаро барфурўзӣ ба беҳуда рўй?
Биё, то туро назди шоҳат барам,
Бад-он пурҳунар ҷойгоҳат барам.
Ҳаме роҳ ҷўем аз ту кунун,
Наҷўем кину нарезем хун.
Набераӣ Фаридуну пури Пашанг,
Ҳаме роҳ ҷўяд аз ин хорасанг.
Барзу. Майлат, назди шоҳат меравам.
Роҳ пеш гир!
(Ҳар ду назди Афросиёб меоянд. Барзу ба ў таъзим мекунад).
Афросиёб. Эй марди борою ком!
Нажодат кадому чӣ мардӣ ба ном?
Зи тухми кий в-аз кадомин гуҳар?
Ки дорӣ дар ин ҷо зи мому падар?
Накардем бар кишту варзат зиён,
Дижамрўй гаштӣ чу шери жаён?
Барзу. Эй номҷўй,
Дилат шод боду фурўзанда рўй.

пешина
аз 315
навбатӣ