ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Шаҳрў. Бар ивази тўҳфа шоҳ аз ту чӣ таманно дорад?
Барзу. Бад-он то ману Рустами Золи Зар,
Бикўшем дар ҷанг бо якдигар.
Сари Рустам аз тан бибуррам ба зор,
Бад-он то шавад шоддил шаҳриёр.
(Ин суханҳоро шунида, модар фиғон аз дили ҷўшон мекашад,
оби дидагонаш ҷорӣ мешавад, ҷома ба бар медарад, даст ба ҳам зада, сару мўй меканад).
Шаҳрў. Ҳаме орзу разми шерон кунӣ,
Маро хоксори ду кайҳон кунӣ?
Ба рўзи ҷавонӣ ба зарру дирам,
Машав ғарра, ҷонро магардон дижам.
Ба динору дебову аспу каниз,
Макун хор, эй пур, ҷони азиз.
Ки ин шоҳи Тўрон фиребанда аст,
Бадиро ҳама сол кўшанда аст.
Басе бепадар кард фарзандро,
Басе кард вайрон барўмандро.
Басо кас, ки гашташ ҷудо сар зи тан,
Ба гуфтори ин деви нараҳриман.
Ба дигар, ки он шердил некмард,
Ки бо вай ҳаме кард хоҳӣ набард.
Ба мардӣ зи хуршед пайдотар аст,
Ба пайкор аз шер шайдотар аст...
Басе дев дар дасти ў кушта шуд,
Зи кушта басе дашт чун пушта шуд.
Барзу. Эй моми некўсухун,
Маро аз ялон низ нангӣ макун!
Ки ҷуз хост яздон наёбад ҳаме,
Сар аз ҳукми ў кас натобад ҳаме.
Қароргоҳи Афросиёб. Ҳамон манзара. Афросиёб болои тахтасанг даст ба сари зону ниҳода, ғарқи фикр аст. Барзу меояд.
Афросиёб (сар аз домони тафаккур бурун карда).
Хуш омадӣ, шерафкано!
Барзу. Эй номвар, пешгоҳ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё