Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мубориз гузин кун зи лашкар ҳамин.
Зи ҷанговарону саворони кин.
Инонпечу гурдафкану найзазан,
Ба бозу қавипайкару пилтан.
Афросиёб. Аҳсант, туро шерафкан!
(Даст ба даст кўфта бонг мезанад).
Пирон!
Пирон (аз хайма зуд берун шуда).
Гўш ба фармони шумо, аълоҳазрат!
Афросиёб ... ҷанговарон аз сипаҳ баргузин,
Далерони найзавару дурбин.
(Саҳна торик мешавад. Як гўша рўшан шуда чеҳраи ровӣ намудор мегардад).
Ровӣ. Чу бишнид Пирон зи шоҳ ин сухун,
Яке нома фармуду афканд бун.
Ба ҳар гўшае – бар, ба ҳар паҳлаве,
Куҷо буд дар подшоҳӣ гаве,
Ки лашкар фиристанд наздики шоҳ.
Ҷаҳонпаҳлавони бодастгоҳ.
Ки шаҳ кард дар кўҳи Шунгон диранг,
Ҳам аз баҳри тадбиру пайкори ҷанг.
Ба ҷашни Фаридун, сари меҳрмоҳ.
Чунон сохт бояд, ки яксар сипоҳ.
Биёянд тозон ба Шунгонзамин,
Чӣ кеҳтар, чӣ боафсару бонигин.

Ровӣ. Бад-он даҳ нафар паҳлавон муддати шаш моҳ
Барзуро тарзи набард кардан омўхтанд. Ва чун ў дар кори ҳарб
варзида гашт, ба назди шоҳ омад ва афзори ҷанг талабид.
Сари моҳи ҳафтум, гаҳи бомдод,
Биёмад бари шаҳ забон баркушод:
Барзу. Эй шаҳриёри замин,
Ба фармони ту шоҳи Мочину Чин,
Бифармой, то созу олоти ҷанг,
Биёранд пешам кунун бедиранг!
Афросиёб (ба ганҷур):
Зи тиру камону зи гурзу зи теғ,
Биёру зи Барзу мадораш дареғ!

пешина
аз 315
навбатӣ