ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Вай дар роҳрави вагон бор аввал бо Сулгун рў ба ру омад.
Аниқаш вай эътибор надода гузашта рафтанӣ буд, ки Сулгун гўё нафаҳмида пои ўро зер кард.
– Узр мехоҳам, – даст пеши бар гирифт Сулгун ва нигоҳи маънидоре ҷониби Алишер ҳадя намуд. Вале ин ҳадяро Алишер чандон хуш напазируфт. Хомўш ба купэи шафат гузашт.
– Ҳой, ман ба шумо гуфта истодаам, – аз қафо бонг зад Сулгун, – Бори дигар узр!
– Дод назанед, мешунавам, – гуфт Алишер.
– Аҷоиб мардаке, ин хелашро акнун мебинам, – худ ба худ ғурунгос зада Сулгун ҳам ба купэи худ ворид шуд. – Не, ман инро ҳамин тавр намемонам. – Дар дил қатъӣ қарор дод вай ва ба духтарон ба маънии «Сар кардем» – ишорае кард.
Баъди чанде суруди туркманӣ дар ҳавои вагон танинандоз гардид. Сулгун интизор буд, ки ҳоло не, андактар шояд сардори гурўҳ омада онҳоро ба хомўшӣ ҳидоят намояд. Лекин фурсат мегузашту аз Алишер дараке набуд. Дилаш бухс кард. Суруд ба поён расид. «Боз чӣ кор кунем, ки вай берун барояд? Ёфтам». Инро гуфта мушт ба девори купэ куфт. Аз он тараф ҳам ба ҳамин сурат ҷавоб омад. Сулгун сахттар кўфт, ҷавоб ҳам ҳамин тур буд.
Сулгун ба ин қаноат накард. Берун баромад. «Чӣ бояд кард?
Чӣ кор кунам, ки ба ў ақаллан як даҳан гап бигўям?» Вай ба ҳамин андеша бидуни ихтиёр даст ба дари купэ бурда тақ-тақ зад.
– Марҳамат, дароед, – шунида шуд аз дарун овози шинос.
Сулгун надаромад. Фурсате рост истода боз ангушт ба дар бурд. Ин дафъа бе посух дари купэ бошаст кушода шуд ва Алишер оҳиста сар бароварда пурсид:
– Хўшш, хизмат?
– Ман гуфтанӣ, ки шеф, арўс барин панаҳ нашавед.
– Кӣ гуфт, ки ман панаҳ шудаам?
– Ман.
– Шумо ҳоло маро хуб намешиносед ва аз ин рў ҳақ надоред таҳқир кунед.
– Ман шуморо чӣ гуфта таҳқир кардам?
– Бигўед, аз ман чӣ мехоҳед?
– Аз шумо? – Сулгун табассум кард. – Ҳеҷ чиз.
– Пас монед, ба роҳам гардам.
– Ягон кас пеш роҳи шуморо нагирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё