Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шаҳо, май хўр акнуну дил шод дор,
Ҳама кори нобударо бод дор.
Афросиёб. Майи ноб биёред! Бинўш, паҳлавон!
Бинўшед, ҳабибон!
Барзу. Чу дӣ рафт, фардо наёмад ба пеш,
Мадеҳ хира барбод авқоти хеш.

Афросиёб (қарсак зада)
Ганҷур!
Ганҷур. Гўш ба фармони шумоям, аълоҳазрат!
Афросиёб. Рав, биёр!
Ҳамон тоҷ бо тавқу бо гўшвор,
Ки аз Тўр мондаст он ёдгор.
Яке тахти дебои рўминазар,
Ҳамон тоҷи заррину теғу камар!
(Ба паҳлавонон)
Аё номдорони пайкорҷўй,
Кунун ҳар касе дархўри бахти хеш,
Бубахшед чизеш з-андоза беш!
(Ҳозирин чизҳои қиматбаҳоро нисори пои Барзу мекунанд).
Битасфонед ин базмро!
(Ҳама менўшанд, рақсу бозӣ мекунанд. Барзу маст мешавад). Нарасонед халал ба Барзу! Шерафкани ман қабл аз азми роҳ
бояд дам бигирад. Хизматгорон! Ҳар он чиро ки пеши пои Барзу
нисор гардид, ба манзили моми ў бубаред! Бигўед, ба ў, хавотир нашавад. Барзу дар паноҳи худост! (Хизматгорон мераванд.
Баъди чанде Барзу бедор мешавад).
Барзу. Шоҳо! Ман кунун омода ҳастам ба набард!
Бифармо лашкар омода созанд!
Афросиёб (каф ба каф кўфта).
Саф кашед! (Ба Барзу):
Сипаҳро ту бош ин замон пешрав,
Тўйи номдору сипаҳдори нав.
Шабу рўз дар ҷанг ҳушёр бош,
Сипаҳро зи душман нигаҳдор бош!
Бурун кун талоя зи пеши сипоҳ,
Ба рўзи сапеду шабони сиёҳ.
Туро ёр Ҳумон басу Бормон, Нигаҳбон – худованди ҳафтосмон.

пешина
аз 315
навбатӣ