ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ки ҳаргиз надидам бад-ин сон далер,
На бабри жаёну на ошуфта шер.
Аз он номдорон, ки ман дидаам,
Диловар бад-ин гуна нашнидаам.
Басе рамзу пайкор дар дашти ҷанг,
Бикардем бо Рустами тезҷанг.
Бад-ин гуна бар дашти кин пойдор,
Надидем шоҳо, ба ҳангоми кор.
Афросиёб (чун гул шукуфта).
Солор! Пеш ор хон! Ҷавонону озодагонро
бихон! Сарони сипаҳро саросар бихон!
Муғаннӣ, бинавоз! Шароб биёред!
Гулгун созед маъракаи моро!
Аё пурҳунар номдорони ҷанг,
Чӣ созем аз ин беш эдар диранг?!
Ба осудагӣ рўз бартар кашид,
Басе лашкар аз ҳар сўе даррасид.
Фароз омад онрўза овехтан,
Ҳамон хун зи баҳри падар рехтан.
Пирон. Ҳар он гаҳ, ки фармон диҳад шаҳриёр,
Миёнро бибандем дар корзор.
Бибандем доман ба доман дарун,
Ба ханҷар зи душман барорем хун.
Ба Эронзамин оташ андар занем,
Зи сар дидаи душманон барканем.
Барзу. (Ба Афросиёб)
Ту дилро бад-ин кор ғамгин мадор,
Миёни ду абрў пур аз чин мадор,
Ки ман – чун сипаҳ рўй орад ба рўй,
Занам яксара сангро бар сабўй.
Дили ту аз ин кор беғам кунам,
Ҳамон пушти бадхоҳи ту хам кунам.
Бибуррам сари Рустами Золи Зар,
Бадандеши шоҳро бидаррам ҷигар.
Намонам ба Эронзамин, бору барг,
Бар эшон вазонам яке боди марг.
На Рустам бимонад, на шоҳу на бахт,
Супорам ба Тўрон ҳама тоҷу тахт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё