Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бигўям, ки то пеши лашкар ду дор,
Зананд ин далерони ханҷаргузор.
Ҳам он гаҳ кунам зинда бар доратон,
Сар орам ҳаме кину пайкоратон.
(Ишора мекунад, ки онҳоро бубаранд).
Рустам (боз дар гўшае пайдо шуда ба Густаҳм).
Ҳам аз баҳри ному ҳам аз баҳри кин,
Зи туркон бипардоз рўи замин.
Паси ман нигаҳ дору ҳушёр бош,
Далеру дилорою бедор бош!
(Инро гуфта, ба хаймае, ки Тўсу Фарибурз маҳбусанд, ҳамла
меоварад. Посбонҳоро мекушад ва чолокона Тўсу Фарибурзро аз банд раҳо мекунад. Ба Густаҳм)
Ту бардор Тўс,
Ки шуд дашт баргунаи обнўс.
Ки ман ҳам Фарибурз бардорамо,
Ба наздики Эронсипоҳ орамо.
Ғайб мезананд. Афросиёб сар аз хоб мебардорад. Пирон дартоз медарояд.
Пирон. Ҳол хароб аст, шоҳам!
Афросиёб. Бепарда бигў, чӣ шуда?
Пирон. Яке гург омад миёни рама.
Мар он бастагонро кушода ду даст,
Бибурду якеро зи лашкар бихаст.
Афросиёб (ба ғазаб).
Ин кори Рустам аст! (Каф ба ҳам мекўбад) Барзу!
Барзу меояд.
Эй сарфароз!
Бибурданд Тўсу Фарибурз боз!
Барзу. Эй шаҳриёр!
Аз ин ҳеҷ андўҳ бар дил мадор,
Ки фардо дароям ба майдони чанг,
Бибандам мар-ин зобулиро ду ҷанг!
Афросиёб. Лашкарро омода созед!
Барзу. Эй шоҳи бодонишу ҷоҳу об!
Равам ман ба майдони кина далер,
Ки аз тарси ман афканад ҷанг шер.
Кунам рўз торик бар пури зол,

пешина
аз 315
навбатӣ